Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба назари мо чунонки донишманди тоҷик Додихудо Саймиддинов лутфан шарҳ дод, вожаи «хамир» гунаи хоразмиву суғдии вожаи арабии «амир» аст2.
Дар ин сурат «кўри хамир» ҳамон Саъид бинни Усмон хоҳад буд, ки чашмаш иллат доштааст, бино бар ин «кўр» номидаанд. Хотун маликаи Бухорост, ки Хинг-хотун ном доштааст ва хинг ба маънои сафед, моҳ, субҳи содиқ, аспи сафед меояд, ки шояд ба сабаби зебоӣ ба малика чунин лақаб дода бошанд. Охирин калимаи ин байт к-нд-ҳ, номафҳум буда, Зарринкўб ҳам пас аз он аломати суол гузоштааст. Онро канда ё кунда ва ё ганда метавон хонд. Ба ин муносибат гўшрас овардан мехоҳем, ки имрўз дар Бухоро ва баъзе ҷойҳои дигари Мовароуннаҳр ба забони кўдакон масалан ба ҷои ман хоб кардам мегўянд: ман хоб кундам, ё мегўянд: Ту оббозӣ кундӣ? Шояд дар байти боло к-н-д-ҳ - кунда ба маънои карда бошад? Он гоҳ дурўғ кардан шояд маънои найранг ва фиреб карданро диҳад?
Доктор Аҳмадалии Раҷоии Бухороӣ он ду пораи шеърии болоро чунин хондааст:

Гўвар хамир омад
Хотун дурўғ ганда

1 Дар ин бора муроҷиа шавад масалан ба: Алӣ Ашрафи Содиқӣ.
Таквини забони форсӣ. Интишороти Донишгоҳи озод. - Теҳрон.
2 Дар бораи калимаи «хамир» дар забони хоразмӣ ва суғдӣ муроҷиат шавад ба: Согдийские документы с горы Муг, вып. II, чтение перевод и комментарии В. А. Лившица. - М., 1962, с. 108; Согдийские документы с горы Муг, вып III, чтение. перевод и комментарии М. Н. Боголюбова и Д. И. Смирновой. -М., 1963. с.
94.

пешина
аз 351
навбатӣ