Хуросон аст ин ҷо

ними он холӣ буда, бо тохтутози ўзбекҳо вайрон шудааст»
(«половина пуст и разорен от озбецких набегов»)1. Бумиёни тоҷик, ки аз дасти ўзбак ба дод омада буданд, фарёдрас надоштанд. Ф.
Беневени мегўяд: «тоҷикон ва ҳиротиён пайваста ба Худо илтиҷо доранд, ки онҳоро аз юғи тоқатнопазири ўзбак раҳоӣ бахшад»
(«таджик и хиред непростанно от бога просят, чтобы из-под озбецкого не сносного хомута скорей вырватся»).2 Бумиён ба сабаби он ҳама бедоду ситам ҷалои ватан мекарданд. Дар муддати се сол, ки Ф. Беневени дар Бухоро буд, аз ин шаҳр бештар аз чаҳор ҳазор кас ба Ҳинд муҳоҷират кардааст: «Из Бухара города больше четырех тысяч душ пошло в Мунгалы (Ҳинди муғулӣ)»3.
Ба замми ҳамаи инҳо дар садаи 18 турктози биёнбонгардҳои нав сар шуд, ки фоҷиаи бузурге буд. Даштнишинҳо ҳар тирамоҳ дар айни ҷамъоварии ҳосил ба водиҳои Мовароуннаҳр фурў рехта, ҳосилро ба ғорат мебурданд ва нобуд мекарданд. Ин турктози тирамоҳӣ боре ҳафт сол ва боре бист сол пай дар пай давом ёфт.
Хунрезӣ, қаҳтиву гуруснагии тўлонии гўшношуниде рўй дод.
Мардуми бумӣ, яъне тоҷикон ҳазор-ҳазор талаф шуданд ва рўй ба гурез ниҳоданд. Дар Бухоро ду гузар одам монд. Дар Самарқанд касе намонд. Мадрасаҳои Регистони Самарқанд шағолхона шуданд. Дар бораи соли 1148 қамарӣ, яъне 1735 мелодӣ гуфтаанд:
Ба соли ҳазору саду чиҳлу ҳашт
Самарқанд гардид монанди дашт.
Устод Айнӣ дар «Таърихи амирони Манғитияи Бухоро» чун аз
рўйдодҳои соли 1215 қамарӣ яъне 1800 мелодӣ сухан меронад,
гуфтааст: «Самарқанд дер боз хароб шуда, ба ҷуз се-чор хонавори шаҳрдарун ҷунбандае ва иморате дар он ҷо намонда буд». Чунонки мебинем, аз соли 1735 то 1800, яъне дар зарфи 65 сол Самарқаанд ҳанўз ба худ наомада будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё