Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агарчи осори Аҳмади Дониш (1826-1897), ки сарвари маорифпарварон ва ба гуфти устод Айнӣ, «дар муҳити Бухоро ба инқилоби илмӣ, адабӣ, иҷтимоъӣ ва сиёсӣ раҳбар ба шумор меравад»1, аз даҳаи бистуми садаи бистум диққати муҳаққиқонро ба худ кашидааст ва пажўҳишгароне чун С. Айнӣ, Е. Бертелс, 3.
Раҷабов, А. Баҳоуддинов, Р. Ҳодизода, Ғ. Ашуров, И. Шарифов хеле ҷидду ҷаҳд ба харҷ додаанд, то ақидаҳои фалсафӣ ва иҷтимоъиву сиёсии ўро бишиносем, эҷодиёти маорифпарварони ибтидои асри бист Мирзо Сирочӣ (Мирзо Сироҷи Ҳаким, дуктур Собир - 1877-1914), Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ (1875-1919), Сайид Аҳмадхоҷаи Сиддиқии Аҷзӣ (1865-1927), Абдуррауфи Фитрат (1884-1944), Тошхоҷаи Асирӣ (1864-1915) ва дигарон ҳанўз қариб тамоман мавриди таҳқиқ қарор наёфтааст. Ин насли дувуми маорифпарварони тоҷик ки дар оғози садаи 20 фаъолият дошта, баъзе аз онҳо дар сафи муассисони ҳизби коммунистии Бухоро буда, дар инқилоб ширкат варзидаанд, бо вуҷуди инҳо дар замони шўравӣ аз охири даҳаи бистум иртиҷоъии аксулинқилобӣ эълом гардиданд. Аз ин рў таҳқиқи осору фаъолияти аксари онҳо манъ буд ва онҳоро дар навиштаҳо фақат бо дашном ном гирифтан имкон дошт.
Бозсозиву ошкорбаёнии Горбачов, ки соли 1985, оғоз ёфт, заминае фароҳам овард, ки мероси равшангарони ибтидои қарни бист низ мавриди пажўҳиш қарор гирад. Моҳи октабри соли 1988 бо ташаббуси Фарҳангистони илмҳои Ўзбекистон дар Тошканд ҷамъомаде доир гардид, ки чанд нафар аз донишмандони Тоҷикистон, як нафар аз Тотористон ва нафаре аз Озарбойҷон иштирок доштанд. Азбаски ҷунбиши ҷадидия дар байни мусулмонони Қирим, Қафқоз, Тотористон ва Осиёи Марказӣ интишор ёфта, хусусияти байналхалқӣ пайдо карда буд, дар ҷамъомади Тошканд қарор дода шуд, ки донишмандони ин минтақаҳо бо ҳамдастӣ таҳқиқи илмии ин ҷараёни бузурги иҷтимоъиву фарҳангиро бояд оғоз намоянд.

пешина
аз 351
навбатӣ