Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«ҲАЁТ АМРИ МАЪНАВИСТ»

Имрўз тоҷикон дар сари роҳи таърихӣ қарор ёфтаанд. Онҳо ба сари чорраҳаи таърих баромадаанд ва лозим аст, ки яке аз ин роҳҳоро интихоб кунанд. Даврони истиқлол даврони интихобкории таърихист. Чун ба сари худ зиндагонӣ кардан, ба пои худ роҳ рафтан мехоҳем, зарур аст, ки тарзу тариқе, марому маслаке интихоб намоем, то моро ба сарманзили мақсуд бирасонад, ки битавонем чун инсони сарбаланд ба шоистагӣ умр ба сар барем.
Даврони истиқлол аз ҷустуҷўи роҳҳои рушду такомул оғоз меёбад, аммо рушду такомули ҳақиқии инсонии халқе аз таъини ҳадафҳои миллӣ ва идеалҳои иҷтимоъиву маънавии вай шурўъ мешавад. Агар имкон шавад, ки ҳадафҳои миллӣ ва идеалҳои иҷтимоъиву маънавӣ аз аввал ба дурустӣ, яъне аз рўи шартҳои инсоният ва арзишҳои ҳамагонии башарӣ, аз рўи вежагиҳои ҳастии таърихии миллат муайян гардад, ёфтани роҳҳои рушди ҳақиқии инсонӣ бо муваффақияти бештаре даст хоҳад дод.
Ҳадафҳои миллӣ ва идеалҳои иҷтимоъиву маънавии шахс решаҳои таърихӣ доранд ва дар ҳар шароити нав, дар ҳар давраи тозаи инкишофи ҷомеа тибқи дархостҳои замон дигаргунӣ пазируфта такомул меёбанд. Ҳар дафъа мувофиқи дархости замон аз нав санҷидани ҳадафҳову идеалҳо ва муайян кардани мазмуни онҳо лозим меояд, то ки дар интихоби роҳи сўи фардои ормонӣ саҳву хато рўй надиҳад. Ҳадафҳову идеалҳо омили асосист, ки чи гуна анҷом ёфтани интихобкории таърихӣ, таъини роҳи фардо вобаста ба он аст.

пешина
аз 351
навбатӣ