Хуросон аст ин ҷо

Ин аст, ки фароҳам шудани заминаҳои ҳаёти маънавии миллат баробари муайян гардидани низоми иқтисодии ҷомеа ва ташаккули давлати миллӣ идома ёфта, барои риояи хуқуқи башар ва принсипҳои демократия, барои таъсиси сохтори иҷтимоъиву сиёсии ҳуқуқбунёд шароити зарурӣ омода меояд.
Демократия, шаклҳои демократии кишвардорӣ дар ҷомеаи баркамол, дар ҷомеае, ки ба ҳадди камоли маънавӣ расидааст, имконпазир аст. Дар ҷомеаи ақибмонда, ки дараҷаи инкишофи фарҳангӣ баланд нест, аз демократия, аз ҳимояи ҳуқуқи башар, аз боло бурдани қадри инсон ҷои гап намемонад. Шинохти қадри инсон ва ҳуқуқи башар он гоҳ муяссар хоҳад шуд, ки худшиносии маънавии шахс ва ҷомеа ба дараҷаи кофӣ амиқ рафта бошад. Танҳо дар ҷомеаи маънавибунёд азиздошти инсон ва гуманизм метавонад як андоза ранги ҳамагонӣ дошта бошад.
Мо бар инем, ки ҷомеаи нави тоҷикон, ки имрўз дар садади бар по гузоштани он ҳастем, асосан мансуб ба он навъи ҷомеа хоҳад буд, ки дар тўли асрҳо дар сарзамини мо вуҷуд дошт. Агарчи ҷомеаи тозаи мо ҷомеаи имрўзӣ буда, тибқи ҳама шароити қарни бист ва бисту як аз садаҳои миёна ба куллӣ фарқ хоҳад кард, моҳиятан ҷомеаи маънавибунёд хоҳад буд. Агар ҳар се омили иҷтимоъӣ - фарҳанги маънавӣ, фаъолияти иқтисодӣ ва қудрати сиёсӣ мавқеъи баробар ёбад, аз бунёд шудани чунин ҷомеа умед ҳаст. Лекин агар яке аз ин омилҳо, масалан давлат, хусусан ду омил
- сохтори иқтисодӣ ва зўроварии давлат бартарӣ ёбад, имконоти маънавии ҷомеа коҳиш ёфта барои густариши моддигароӣ ва ҳиссиёти дур аз одамият ҳар рўз роҳе кушода хоҳад шуд. Он гоҳ маънавиёт танҳо ба як-ду гурўҳи мардум, танҳо ба равшанфикрон ва баъзе болонишинон ихтисос хоҳад ёфт ва миёни «аҳли зиё» ва «авоми торикназар» фосилае фоҳиш пайдо шуда, дар як қутб «ашрофи ақлонӣ» ва дар қутби дигар «халқ» қарор ёфта, байни онҳо ҷудоӣ ва зиддияту бархурд хоҳад афзуд. Дар ҷомеаи Русия аҳвол ҳамин буд ва сустии тамаддуни русӣ аз ин ҷо сар зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё