Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Яъне чӣ? - ҷавоб баргардонд муаллима ҷилои айнаки зебояшро сӯям тофта.
Тавзеҳ додам. Муаллима дар бораи фоидаи маълумоти олӣ гузорише доду гуфт:
– Ғайр аз ин таҷрибаомӯзӣ меравед.
Ман бо истеҳзо гуфтам:
– Бале, ҳатман яке аз мо меравад.
– Шумо меравед, имкони рафтани Шумо аз дигарон бештар аст, - ғайриихтиёр гуфт муаллима. Ӯ намедонист, ки ба чунин касе мисли ман набояд чизеро ваъда кард, зеро баъд фақат бо иҷ ро кардани он мешавад аз ман халос шуд. Ростӣ, ман ҳам на медонистам, ки ӯ чӣ ғайрате дорад.
– Мебинем, - гуфтам ман ва дарс идома ёфт.
Миёнаҳои соли чоруми таҳсил байни донишҷӯён миш-миш сар шуд, ки аз Маскав саҳмияи донишгоҳ барои фиристодани донишҷӯён ба хориҷа содир шудааст ва ду нафар бояд ба Ҳинд мерафтаанд ва исм ҳам мебурданд, ки фалониву фалонӣ номнавис шудаанд.
Вақте муаллима ба дарси навбатӣ омад, ман гуфтам:
– Муаллима, Шумо нагуфта будед, ки имкони ба таҷрибаомӯ зӣ рафтани ман бештар аст?
– Бале, - оромона ҷавоб дод ӯ.
– Пас, чаро исми дигарон номнавис шудааст? - пурсидам ман бо эътироз.
– Кӣ? Киро номнавис кардааст? - бо шубҳа пурсид ӯ.
– Аз кафедра пурсед, - ҷавоб додам ман. Ҳама ҳамкурсон хо мӯш буданд.
– Ғайр аз шумо касе намеравад, Холиқов! Ба дарс халал нарасонед, - каме асабӣ шуд ӯ.
Баъд аз дарс вақте муаллима дар кафедра аз мудир мепурсаду маълум мешавад, ки саҳмия омадааст, хоҳиш мекунад, ки ин тихоб дар асоси баррасии баҳоҳои донишҷӯён сурат гирад, то

пешина
аз 253
навбатӣ