Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
осонӣ ҳазм мекардам, бахусус, ки барномаи донишгоҳ хеле сода буд ва дар асл ба мо ҳамон чизҳоеро омӯзиш медоданд, ки пояашро дар мактаби миёна гузашта будем. Аҳёнан баҳои чор доштам, саъй мекардам ҳама баҳоҳоям панҷ бошанд, зеро ин имкон медод, ки идрорпулии боло гирам.
Як имтиёзи асосии хондан дар факултаи шарқшиносӣ ин буд, ки донишҷӯёнро ба кишварҳои хориҷӣ барои таҷрибаомӯзӣ ва кор мефиристоданд. Дар замони шӯравӣ сафар ба хориҷа ба кам касе муяссар мешуд. Чи тавре ки зикраш рафт, факултаи шарқшиносӣ хеле маъруф буд ва писарони нухбагону амалдорони зиёд дар ин ҷо таҳсил мекарданд. Ҳар сол ба Ҳинд барои таҷрибаомӯзӣ ду нафар донишҷӯи соли чорум – як нафар аз гурӯҳи ҳиндӣ ва як нафар аз гурӯҳи урду бо яке аз устодон фиристода мешуданд.
Дар оғози соли севуми хониш ман имкони ба хориҷа барои таҷрибаомӯзӣ рафтани худамро баркашида дидам ва он ба назарам хеле ночиз намуд. Ягона афзалияти ман ҳамон баҳоҳоям буданд, ки воқеан касе бо онҳо рақобат карда наметавонист.
Вале як фармоиш аз боло метавонист тамоми бартариеро, ки ман нисбат ба дигар ҳамкурсон доштам, ба сифр баробар кунад. Агар ҳамин имтиёзи хориҷаравӣ набошад, хатмкардагони гурӯҳи забони урду аз рӯи ихтисос кор ёфта наметавонистанд.
Дар ҳолати ба хориҷа барои таҷрибаомӯзӣ рафтан имкони ба кори дипломатӣ дохил шудан бештар мешуд. Вазорати хориҷа ва сафоратҳои кишварҳо ҳама дар Маскав буданд. Вагарна, ягона гузина барои хатмкунандагони ин шуъба, тағйир ва такмили ихтисос ба омӯзгории забону адаби тоҷик буд, ки ман аслан худамро дар ин пеша ҳатто тасаввур карда наметавонистам.
Устоди забони урдуи мо муаллима Собирниёзова буданд.
Рӯзе аз муаллима пурсидам:
– Муаллима, ҳамин саъю кӯшиши мо барабас нест?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё