Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
ии мардумро халалдор кард, зери муносибати байни ин халқҳо бомби замонӣ ҳам гузошт, ки баъдан мо шоҳиди таркишҳояш шудем.
Назарияи марксизм-ленинизм бунёди атеистӣ дошт ва сарони инқилоби сурх бо такя ба иттилои ҷамъовардаи пажӯҳиш гарони қаблии рус тоҷиконро ҳамчун мазҳабитарин қавми маҳаллӣ ва душмани идеолоҷии худ мешинохтанд. Аз таҷрибаи таърихӣ огоҳ буданд, ки фарҳанги ин миллат мисли дарахти муқтадирест, ки решаҳо ва шоху баргаш тамоми соҳаҳои зиндагиро печонда гирифтааст ва ҳар ки ба ин сарзамин омадааст, дар ниҳоят дар ин фарҳанг ҳазм ва аҳли он шудааст. Ба ин сабаб, беҳтарин гузинаро барои худашон ҳамкорӣ бо пантуркизм, ки он замон дар минтақа нуфуз пайдо карда буд, дониста, вуҷуди миллати тоҷикро инкор ва марказҳои фарҳангии онро ба шаҳрҳои музофотӣ дар ҳайати ҷумҳуриҳои дигар табдил доданд. Босаводону нухбагонашро нобуд карданд, хаташро тағйир доданд, то аз гузаштаи худ огоҳӣ надошта бошад. Оммаро тавассути барномаҳои «маҳви бесаводӣ» ба хати нав «саводнок»
намуда, пайваста талқин мекарданд, ки «шумо дар гузашта ҳеч будед». Ин барномаҳо саводи сатҳӣ диҳад ҳам, қобилияти андеша ва таҳлилро намедод, аз ин сабаб мардум бо уқдаи ҳақорат ва худкамбинӣ бузург мешуданд. Биноан табиист, ки одамон аз асли худ хабар надоштанд, ба ҳамаи ин ҳазён бовар мекарданд ва касе савол намедод, ки агар мо ҳеч будем, ин ҳама шоиру нависандаву мутафаккир ва ин фарҳанги беназир аз куҷост?!
Аз ҳамин метавон хулоса баровард, ки «табартақсим», тағйири хат ва барномаҳои заифи мактабҳои тоҷикии Шӯравӣ махсус ва бо ҳадафҳои ғаразнок роҳандозӣ шуда буданд.
Манфиати турктозонаи пантуркистон низ дар он марҳала бо манфиати исломҳаросонаи болшавикон мувофиқ омад. Пантуркистон аз фурсати муносиб истифода карда, номи миллати бумиёнро тағйир доданд ва фарҳанги ҳазорсолаҳо офаридаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё