Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз рӯзҳои аввали инқилоб болшавикҳо дар он қисмати бузурги Осиёи Марказӣ, ки ҷузъи Имперотории Рус буд, Ҷумҳурии мухтори Туркистони шӯравиро таъсис доданд.
Соли 1920 артиши сурх бо баҳонаи ёрӣ ба инқилобиёни маҳаллӣ, Аморати Бухоро ва хонигарии Хоразмро ҳам забт карда, Ҷумҳуриҳои халқии шӯравии Бухоро ва Хоразмро таъсис дод, ки ин воқеа дар китоби «Фитнаи инқилоби Бухоро»-и устод Муҳаммадҷон Шакурӣ муфассал ба қалам дода шудааст.
Солҳои 1924-1925 тақсимоти ҳудудӣ-миллӣ гузаронда, ҷумҳуриҳои миллӣ ташкил карда шуд, ки баъдан ин ҳодиса ба номи «табартақсим» маъруф шуд. Масъулон гоҳе аз рӯйи ғараз, гоҳе нодонии ҷуғрофиву этникӣ, дар тақсими ҳудуд он қадр ба ҳарҷу марҷ роҳ доданд, ки халқҳои тӯли асрҳо дар якҷоягӣ зиндагӣ дошта, дар ду сӯи марзҳои ҷумҳуриҳои навташкил монданд. Масалан, водии Зарафшон, ки мардумони бумии он
– тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо, аз саргаҳи рӯди Зарафшон то Самарқанду Бухоро якҷоя зиндагӣ мекарданд, дар ду сӯи марз, ним дар Тоҷикистону ним дар Ӯзбакистон монданд. Худи табиат ин водиро тарзе офаридааст, ки қисматҳои поёнобу болооби он фақат дар якҷоягиву ҳамоҳангӣ метавонанд барои зист мувофиқ бошанд. Тақсимоти марзӣ ноҳияҳои Панҷекат, Айнӣ ва Масчои имрӯзаро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва навоҳии поёноби Зарафшонро дар ҳудуди Ӯзбакистон муқаррар кард.
Вале, бо вуҷуди ин, дар тӯли ҳафтод соли ҳокимияти шӯравӣ тамоми фаъолияти иҷтимоӣ-иқтисодии се ноҳияи болооби ин водӣ, ки ба Тоҷикистон дохил буданд, ба Самарқанду Бухорову Марв – марказҳои табиӣ-таърихии минтақа, ки акнун ба ҷумҳуриҳои Ӯзбакистону Туркманистон шомил мешуданд, во баста буд, зеро аз ҷиҳати ҷуғрофӣ осонтарин ва наздиктарин роҳҳо ба ҳамин шаҳрҳо васл буданд.
Ин «табартақсим» дар бадани ҳамаи халқҳои минтақа ҷароҳати ҳамеша хуншор гузошт ва ғайр аз ин ки ҳамзистии таби-

пешина
аз 253
навбатӣ