Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистони шӯравӣ кишвари ба таври сунъӣ сохтаи болшавикон аст. Солҳо пеш аз вуқӯъи инқилоби коммунистӣ қисми сар заминҳои Осиёи Миёна аллакай аз сӯи Имперотории Рус забт шуда буданд.
Дар натиҷаи мағлубиятҳои пайдарпай, амири Бухоро маҷбур шуда буд, ки 23 июни соли 1868, мувофиқи аҳдномаи Зирабулоқ бекигариҳои Самарқанд, Панҷекат, Катта-Қӯрғон ва Ургутро ба Русия супорад.
Солҳои 1864-1875 русҳо дар натиҷаи ҷангҳои пайдарпай шаҳрҳои Тошканд ва Хуҷандро забт карда, дар ниҳоят соли 1876 бо забти Қӯқанд, хонигарии онро барҳам дода, бо зӯрӣ сар заминашро пурра ба кишвари худ ҳамроҳ карда буданд.
Ҳукумати Русияи подшоҳӣ ба заминҳои ҳосилхези Осиёи Миёна ҳамчун ба манбаи таъмини корхонаҳои кишвараш бо ашёи хоми кишоварзӣ нигоҳ мекард ва дар аввалин фурсати му носиб бо ҳар роҳу восита заминҳои минтақаро ғасб ва ба киш вари худ ҳамроҳ мекард.
Ҷанги Императории Рус бо Туркия дар солҳои 1877-1878 идо маи ғасби сарзаминҳои Осиёи Миёнаро ба таъхир гузошта бошад ҳам, қисмати боқимондаи Аморати Бухоро ва хонигарии Хоразм дар ҳоли дастнигар аз Имперотории Рус ба сар мебурданд. Амири Бухоро расман мустақил бошад ҳам, бе иҷозати им ператори рус қадаме бардошта наметавонист. Мувофиқи ҳамон аҳдномаи «Зирабулоқ», амир муваззаф буд, ки тамоми сиёсати хориҷияшро бо давлати рус мувофиқа кунад. Муносибати ҳақиронаи амири Бухоро дар муқобили Имперотории Русро Аҳмади Дониш дар «Рисолаи манғития»-и худ бо танзи са зовор хуб тасвир кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё