Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
тас хир кунандае доранд. Шоир ва овозхони машҳури рус Юрий Визбор суруде бо номи «Кӯҳҳои Фон» дорад, ки мисраи аввалаш: «Ман диламро дар кӯҳҳои Фон мондаам» буда, дар васфи ҳамин кӯҳҳо сурудааст, ки дар паҳнои Шӯравӣ машҳур буд.
Ин ҷо иқлими ноустуворе дорад. Рӯздармиён борон меборад, дамои ҳаво метавонад то нисфирӯз сахт гарм бошад ва ними дигари рӯз шадидан сард шавад. Фақат дар се моҳи тобис тон қобили будубош аст, вале ҳатто дар миёнаи тобистон низ баъзан барфу жола меояд.
Ана дар ҳамин мавзеъ зери офтоби сӯзону сардиҳои шадид тобистонҳои баччагии ман бо бузбонӣ гузаштааст. Ҳар саҳар со ати 4-5 маро бедор мекарданд, то бузгаларо ба кӯҳи Работ барам. Як ними нонро ҳам ҳамроҳ медоданд. То бегоҳ бузҳоро дар кӯҳ мечарондам ва бегоҳ онҳоро ҷамъ карда меовардам.
Буз ҳайвони чолоку шумест, ки ба касногузартарин ҷойҳои кӯҳ мебаромад ва ман маҷбур будам, ки аз паси он ба ҳамаи он кӯҳҳои душворгузар бароям.
Кӯҳи Работ резҳо дорад, ки саросар аз сангреза иборатанд.
Баромадани ин резҳо хеле душвор аст, як қадам ба боло монӣ, лағжида, се-чор қадам ба поён меравӣ. Баъзан, маҷбур мешудам, чаҳорпо гавак кашида, боло равам, сангҳои нӯгтез ангуштонамро хуншор мекарданд. Бачча, ки будам, сахт монда мешудам, аз ҷойҳои хатарнок, ки мегузаштам, сахт метарсидам, на як бору ду бор аз хастагӣ ба дод омада, гиря кардаам, вале касе ба додам намерасид, зеро дар ҳоли ҳамаи бузҳоро саривақт ҷамъ карда наовардан бо чеҳраи турши зани амакам ва ғур-ғури ӯ рӯбарӯ мешудам, ки он хеле бадтар аз ҳар азобе буд. Дарки масъулият ва тарс аз хашми янгаам маро маҷбур мекард, ки ҳар рӯз ин душ вориҳоро аз сар гузаронам ва ҳамеша бузҳоро таври лозим чаронда, биёрам. Орзу мекардам, ки мисли ҳамсолонам таътилро дар деҳа гузаронам ва ба бозиҳои ширини кӯдакии онҳо шарик бошам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё