Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ро он ҷо бонӣ мекардем. Маро аз нӯҳ-даҳсолагӣ ҳар тобистон барои ёрӣ ба он ҷо мефиристоданд, ки масъули чарондани бузҳо будам.
Мавзеи Кӯли Калон дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр, 18-20 километр ҷанубтар аз Панҷрӯд, дар як ҳамворие, дар қатор кӯҳҳои Фон ҷойгир шудааст. Ин мавзеи зебоест, ки панҷ кӯли нис батан бузург ва кӯлҳои зиёди хурдтаре дорад. Ин кӯлҳо дар байни ҷангали кӯҳӣ, дар иҳотаи кӯҳҳои сарбафалак ҷойгир буда, ин мавзеъ ҷои дӯстдоштаи сайёҳону кӯҳнавардони шӯравиву хориҷӣ буд.
Калонсолон нақл мекунанд, ки пештар ҷангалҳои ин ҷо он қадр анбӯҳ буд, ки аз дохилаш ба душворӣ мегузаштанд. Баъдан одамон дарахтҳои ин ҷоро бурида, ҳезум ва чӯби хонасозӣ карда, ин ҷангалро нобуд кардаанд. Солҳои пеш, дар замони шӯравӣ, дар кӯҳҳои ин ҷо конҳо канда, маъдан истихроҷ мекардаанд ва дар корашон ангишт ниёз доштаанд. Қисми зиёди ҷангалҳои Кӯли Калонро ана ҳамин кӯҳканҳо бурида, барои кокс - ангишт истифода кардаанд.
Солҳое, ки ман дар ин ҷо ба сар мебурдам, дар ҷангал танҳо коҷҳои сарсабз, ки ҳезум намешуданд ва буттаҳо монда буданд.
Ба тадриҷ одамон дарахтҳои сарсабзро ҳам тар бурида, ҷан галро боз ҳам холитар карданд.
Ҳукумат ҷангалбонҳо гузошта буд, ки доим бо ин дарахтбуррон дастбагиребон мешуданд, вале мардум боз ҳам чашми он ҳоро хато карда, дарахтҳоро мебуриданд, зеро ки ин ягона роҳи таъмини ниёзашон ба ҳезум буд. Ба назари ман, агар давлат дар деҳот фурӯши ангиштсангу ҳезум ва маводи сохтмони манзилро ба роҳ мемонд, барои ҳифзи табиати зебои кӯҳҳо чораи муассиртаре мебуд.
Замони баччагӣ ва бузбонии ман дар ин ҷо лаби кӯлҳо пур аз хаймаҳои кӯҳнавардон ва сайёҳони минтақаҳои дурдасти шӯравӣ ва хориҷӣ буд. Умуман, кӯҳҳои Фон табиати нотакрору

пешина
аз 253
навбатӣ