Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Худоё, инсон, он ҳам муаллим ва он ҳам зан (!) метавонад ин қадр бераҳм бошад?!
Тақдири баъдии ин баччаҳо хеле талхтар будааст. Аксари онҳо дар мактабу урдугоҳҳои ГУЛАГ талаф шудаанд, онҳое ҳам, ки аз он «дӯзах»-ҳои рӯи замин зинда баромадаанд, дигар ҳеч гоҳ қобили эътимод дониста намешудаанд, доим зери шубҳа мемондаанд ва ҳар кадом парвандаи махсус доштаанд. Ростӣ, дасти одам аз навиштани ин сатрҳо меларзад. Охир он кӯдаки маъсум чӣ гуноҳ дорад?! Ӯ, ки падару модар ва замону макони ба дунё омаданро интихоб накардааст!!!
КӮЛИ КАЛОН
Боз гардондам инони умр бо хайли хаёл,
Хотироти кӯдакӣ омад ба истиқболи ман.
оманакӯҳҳои Соя ва Офтобрӯя, аз тарафи ғарб ва шарқ ДПанҷрӯдро иҳота карда, мазрааи лалмии колхоз ҳисоб ме шуданд. Соле кӯҳи Соя корам бошад, соли дигар кӯҳи Офтоб рӯя корам мешуд ва дар кӯҳи корам чаридани чорворо иҷо зат намедоданд. Мардуми деҳ ҳама чорвои хонагӣ доштанд ва чарогоҳҳои атрофи деҳ барои чаридани чорво камӣ мекард.
Ғайр аз ин, боду ҳавои деҳа дар тобистон гарм шуда, барои чорво муносиб набуд. Аз ин сабаб, ҳар сол тобистонҳо, чанд хонавода ба кӯҳҳои дуртар ба овул мерафтанд. Баҳорон яке аз амакҳоям дар мавзеъе, ки Кӯли Калон ном дошт, каппа мезад ва чорвои хонагии аҳли хонадони моро он ҷо бонӣ мекард ва мо баччаҳоро ба он ҷо дастёрӣ мефиристоданд.
Ҳамагӣ аз наздикону хешовандонамон тақрибан 50-60 сар гов ҷамъ мешуд. Аз рама ҳамин миқдор бузҳоро низ ҷудо карда, ба мо медоданд ва мо аз аввалҳои июн то охири август ин чорво-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё