Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
ӯро ба назди тахта хонда, дар ҳузури ҳама мепӯшонданд. Бачаи бечора ҳар сол, вақти ин амал гиря мекард.
Дар Панҷрӯд кӯдакони бе падару модар мондаро «сағира»
меноманд ва ҳама бо дилсӯзӣ бо онҳо муносибат мекунанд, ки худи ҳамин муносибат ба он бачаҳо хеле сахт мерасид. Бовар дорам, худашон мехостанд, ки ба онҳо низ ҳамчун ба ҳамсолони дигарашон муносибат карда шавад. Ҳамин сарулибоспӯшонии хориовар дар ин маросим хеле барҷаста ва дар ҳузури ҳама ба намоиш гузошта мешуд. Ман ин маросимро хеле бад медидам, вале баъдан донистам, ки дар Шӯравӣ муносибати хеле бадтаре ба бачаҳо низ вуҷуд доштааст.
Дар Шӯравӣ ибораи «душмани халқ» рӯи кор буд. Онро ба касоне мечаспонданд, ки ба баъзе гуноҳҳои вазнин, аз ҷумла хиёнат ба Ватан айбдор мешуданд. Дар бораи он ки чӣ касоне душмани халқ эълон мешуданд ва исботу додгоҳи онон чӣ гуна баргузор мешуд, бисёр навиштаанду гуфтаанд ва ҷои баҳсаш ин ҷо нест.
Фарзандони ана ҳамин одамон низ «фарзанди душмани халқ» дониста мешудаанд ва инро доим ба онҳо ёдрас мекардаанд. Масалан, дар мактаб пеш аз саршавии дарс он кӯдакро ба пеши қатор бароварда, рӯбарӯи аҳли синф рост карда, «ҳайфи ту!» мегуфтаанд ва ҳама ба сӯяш туф мекардаанд. Хушбахтона, замони мактабхонии мо вақти ин қабил аҳмақиҳо гузашта буд.
Боре дар филме дидам, ки муаллима бачаҳоро қатор карда, аз байнашон талабаеро пеш хонд ва як торсакӣ ба рӯяш зада, галстуки пионериро аз гарданаш кашида гирифт ва «ту ҳам мисли падару модарат душмани халқӣ!» гуфт ва сипас ба бач аҳо фармон дод:
– «Ҳайфи» ту! бигӯед. Бачаҳо баробар бо овози баланд се бор «Ҳайфи ту!» гуфтанд ва пас аз он бо дастури муаллима ба рӯи он талаба туф карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё