Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ростӣ, як бор аз муносибати бади зани амакам қаҳр карда, асоро ба санг зада шикаста, чӯпониро партофта, ба деҳа рафтаам. Вале баъд аз чанд рӯз бо исрори модарам ва аз шарми рӯи падарам баргашта ва он сол низ вазифаамро то охир иҷро кардаам.
Хуллас, тобистонҳои кӯдакӣ сахтӣ бисёр кашидам, вале агар, аз як сӯ, масъулиятшиносӣ омӯхта бошам, аз сӯи дигар, сахт кӯшӣ бароям якумрӣ одат шуд.

ҶАМШЕДБОЙ

ан тақрибан дар синфҳои 5-6 мехондам. Рӯзе дар Млаби ҷӯй оббозӣ мекардем, ки об як шиша овард.
Ҷобир ном бачча онро дошта гирифта, «водка, водка» гуфта, ба мо нишон дод. Ин воқеан шишаи арақ буд, ки касе онро холӣ карда, ба ҷӯй партофта буд. Даҳони шиша бо пробка (сарпӯш) баста буд ва Ҷобир онро ба мо нишон дода, «бинетон, даҳонаш муҳкам, водка дорад» гуфта, шӯхӣ мекард. Мо ҳам шӯхии ӯро ҳамроҳӣ карда, «биё мехӯрем», гуфта ба бозӣ ҳамроҳ шудем. Ӯ садояшро паст карда, бо дасташ даҳонашро пӯшонда, «хап, ҳеч кас нафаҳмад» гуфт. Ин шарти бозӣ буд.
Мо бояд бо пайравӣ аз баъзе ҷавонон, ки дар иди моҳи май ҳамин тавр рустӣ аз мӯйсафедони деҳа арақхӯрӣ мекарданд, пинҳонӣ «водка» мехӯрдем.
Мо даҳони шишаро кушода аз ҷӯй об пур кардем ва боз пробкаро ба даҳонаш хаста муҳкам кардем. Ин шиша дигар аз шишаи пури арақ фарқе надошт, даҳонаш ҳам баста буд. Ҷобир, ки соҳиби шиша ҳисоб мешуд, онро зери пираҳанаш дар бағал пинҳон кард. Мо бо пешниҳоди ӯ, ки боре арақхӯрии гурӯҳеро дида будааст, қарор кардем, ки ба боғоти болои деҳа рафта, аз

пешина
аз 253
навбатӣ