Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дарам чарх мезаданд ва оҳу воҳ мекарданд. Падарам ба саволу фиғони модар эътиное накарда, маро навозиш ва бо ман бозӣ мекарданд.
Даврон ҳамроҳи амакам омад. Модарам бо хоҳиши падар аз ҷайби боронӣ як қуттиро гирифта ба назди падарам гузоштанд ва қайчиву тағораву матоъи суфи сафед ҳам оварда, ба Даврон доданд. Ба саволҳои амакаму Даврон, падарам:
– Дастгоҳ нарангуштамро каме харошид, духтури корхона гуфт, ки ба хона расӣ, духтурро даъват кун, як бор докаро кушода, дору молида, аз нав бандад, - гуфта ҷавоб доданд.
Маро, ки то ҳол дар канори падарам ба зонуяшон такя карда менишастам, модарам аз дастам гирифта ба даҳлез бароварда, таъкид карданд, ки халал нарасонам. Ман аз роғи дар тамошо мекардам. Даврон ба кушодани дока сар кард, падар бошанд дар ҳоле, ки дасти росташон дар ихтиёри ӯ буд, аз амакам ҳолу аҳволи аҳли авлодро мепурсиданд ва саргарми суҳбат буданд.
Даврон эҳтиёткорона, қабат - қабат докаи хунолуди шахшударо мекушод. Вақте ки докаро кушода тамом кард, хун қатра-қатра чакидан гирифт ва оҳу воҳи модарам дучанд шуд. Амакам бо чашмони ашколуд нимхез шуда:
– Ангушт аз бех нест-ку?! - гуфта буданд, ки оҳу фиғони модарам якбора боло гирифт. Дастгоҳи пармаи замин, ки заминшиносон бо он дар қаъри замин маъдан мекобанд, нарангушти дасти рости падарамро аз бех бурида буд. Падарам бо норозигӣ ба модарам нигоҳ карданд ва модар ҳиқ-ҳиқ гирякунон аз хона баромаданд. Даврон аз шишача доруи зарди обакиеро, ки аз қуттӣ гирифта буд, ба ангушти падарам мемолид, вале хун таровида бо дору ба тағора мерехт. Ӯ даступо хӯрда, чӣ кор карданашро намедонист.
Падарам:
– Биё ман ангуштамро боло мекунам, доруро гузору зуд банд, - гуфта, ба ӯ ёрӣ доданд. Қабатҳои аввали дока шилтаи

пешина
аз 253
навбатӣ