Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
хун мешуданд, вале қабатҳои болоӣ сурх гарданд ҳам, таровидани хунро нигоҳ доштанд. Даврон дар зери обу арақ монда буд. Падарам оромона аз ӯ миннатдорӣ карда, барои пагоҳ қарор гузоштанд. Дар як дам хона пур аз хешовандон шуд.
Занҳо ҳама бо чашмони ашколуд, мардҳо бо қиёфаҳои пурдард сар меҷунбонданду изҳори афсӯсу ҳамдардӣ мекарданд. Ягона касе, ки лабханд мезаду ангор, дардеро эҳсос намекард, ҳамин падарам буданд.
ШАРОБ ВА ПАДАРАМ
арчанде ин воқеа аз ҷиҳати замонӣ хеле баъд рӯй додааст, Гдар ҳамин ҷой оварданаш ба назарам муносибтар намуд.
Дар замони Шӯравӣ дар мағозаҳо шишаи об фурӯхта намешуд. Дар шишаҳо асосан машрубот фурӯхта мешуд. Фақат як
- ду намуд оби маъданиро дар шишаҳо мефурӯхтанд, ки хеле бад таъм буданд ва касе онҳоро намехарид. Барои ошомидан дар деҳот оби рӯду ҷӯйбор, дар шаҳрҳо оби лӯлаи ошхона исти фода мешуд.
Одамон бо истеҳзо мегуфтанд, ки дар олами сармоя ҳама чиз фурӯхта мешавад, ҳатто об! Ва на ҳама ба ин бовар мекард.
Ме гуфтанд, охир, об дар табиат фаровон аст, кадом беақл онро ме харад? Сар меҷунбонданду ба хулоса меомаданд, ки ин найранги савдогарону ҳаннотон аст, аввал обро аз худ мекунанд ва баъд мефурӯшанд. Ба ҳоли мазлумони рӯи дунё, ки сармоядорон бо зулм ба онҳо ҳатто обро бепул намедиҳанд, дилсӯзӣ мекарданд. Дар натиҷаи баҳс ба хулоса меомаданд, ки беҳтарин киш вари дунё ҳамин кишвари худамон аст.
Рӯзе бо мошин падару модарамро ба осоишгоҳи Зумрад, ба шаҳри Исфара мебурдам. Падарам изҳори ташнагӣ карданд.
Дар нимароҳи байни Хуҷанду Конибодом як бозори нав сохта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё