Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мошинро боздошт. Падарам ба шаст аз мошин фаромада, маро аз чарх канда гирифта, як шаппотӣ ба рӯям заданд. Дигар доду фиғони маро ҳадду канор набуд. Падарам ин дафъа маро дар бағалашон то назди дарвозаамон бурда, бӯсида, ором карда монданд ва бар гашта рафтанд. Ҷуз ин дигар ҳеч гоҳ падар ё модарам ба ман даст набардоштаанд.

ПАДАРАМ

и тавре ки зикр кардам, одатан рӯзҳои корӣ падарам Чша бонарӯзӣ дар ҷои корашон буданд ва фақат охири ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанберо дар хона мегузаронданд. Вале як нисфирӯзии корӣ ногаҳон аз дарвоза даромаданд. Боронӣ рӯи дасти росташон буд. Ман аз омаданашон хурсанд шуда, давида ба пешвозашон рафтам. Сари маро навозиш карда, гузашта ба хона даромада нишастанд, вале ҳанӯз ҳам боронӣ рӯи дасташон дар бағалашон буд. Модарам аз пасашон даромада, борониро гирифтанӣ шуда буданд, ки падарам бо дасти чап онро бардошта ба модарам доданд. Дасти росташон докапеч ва хунолуд буд. Модарам якбора ба ваҳшат афтода:
– Чӣ шуд, дастатона чӣ кор кардед? - гуфта пурсиданд.
– Ҳеч чиз, каме харош хӯрд, кас фирист, писари Усто Темура даъват кунад, - ҷавоб доданд падарам. Даврон – писари Усто Темури Самарқандӣ, донишҷӯи Донишгоҳи пизишкии Душанбе, он замон дар таътили тобистонӣ дар деҳа буд. Дар Панҷ рӯд як оилаи самарқандиасл зиндагӣ мекард, ки оилаи ҳамин Усто Темур буд. Намедонам кай ва чигуна онҳо ба ин ҷо кӯчида омадаанд.
– Харошхӯрдая докапеч намекунанд, боз дока хунолуд! - ба фиғон идома медоданд модар. Ба берун баромада, касеро барои Даврон фиристоданд ва баргашта, парвонавор дар атрофи па-

пешина
аз 253
навбатӣ