Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
дар сутуни айвон овехта мемонданд, ки барои хушбӯ кардани ғизо дар тамоми сол истифода мешуд.
Тавре ки зикр шуд, дар замони Шӯравӣ занҳоеро, ки мисли модарам, ба кори давлатӣ ва ё корҳои кишоварзии колхоз банд набуданд, «соҳибхоназан», яъне бекор меномиданд. Вале модарам ба истилоҳи худашон барои сархорӣ вақт надоштанд.
Шус тушӯй, пухтупаз, тоза кардани хонаҳо кори эшон буд. Бо ин ҳама серкорӣ тозагии мо аз назарашон дур намемонд, аз но хуни по то мӯи сар ҳамаро назорат мекарданд, илова бар ин, бегоҳҳо баъзан даъват карда дарсҳои моро ҳам аз назар мегу заронданд. Хеле ҳавсала доштанд!
Албатта, корҳои кишоварзиро мо мекардем, аммо роҳбариву назорат дар набудани падарам аз тарафи модарам анҷом мешуд, ки дар ин корҳо низ таҷрибаву малакаи кофӣ доштанд.
Воқеан, ба маънои томаш, соҳибхоназан буданд.
Дар Панҷрӯд падару модароне буданд, ки фарзандони худро бо задан тарбия мекарданд. Ба назарам, бачаҳое, ки аз сӯи волидонашон лат мешаванд, бо ҳисси камбуди эътимод ба нафс бузург мешаванд. Ман боре ҳам зарби задани падар ё мо дарро эҳсос накардаам... На! Фаромӯш кардам, як бор як шап потӣ аз падарам хӯрдаам. Ин воқеа ин тавр рӯй дода буд:
Ман дар хурдӣ хеле нозпарвард, ба лаҳҷаи панҷрӯдӣ «эрка»
будам. Падарам раиси бахши корхонаи заминшиносӣ буданд ва мошини хизматии боркаш доштанд. Рӯзҳои охири ҳафта, ки маъмулан, падарам дар хона буданд, ман лаҳзае аз он кас ҷудо намешудам. Ва рӯзи душанбе, вақти ба кор рафтанашон та лош мекардам, ки маро ҳамроҳ баранд.
Боре, вақти ба кор рафтанашон ман то назди мошин аз па сашон давида рафтам. Падарам маро бардошта бӯсиданд ва канори роҳ гузошта, ба мошин савор шуданд. Вақте мошин равон шуд, ман, ки аз падарам ҷудо шудан намехостам, гирякунон давида ба чархи мошин часпидам. Ронанда фавран

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё