Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
дир гуфта буд, ба ман расонад, ки ҳар гуна такудав ва тамос бо мақомот, махсусан амниятро бас кунам. Аз ҳар қадами дар ин рӯзҳо гузоштаи ман огоҳ буд, лаънатӣ!
Ман ниҳоят ҷои Абдулҳакимро пайдо кардам! Ман намедонистам чӣ тавр ба Саидбек миннатдорӣ баён кунам. Дар ҳо лати ҳаяҷон будам. Гӯё аллакай Абдулҳакимро халос ҳам карда бошам.
Фикр мекардам, чӣ тавр метавонам худи имрӯз ӯро аз дасти ин ваҳшиён бигирам? Ба амният арз кунам? Инҳо то ҳол аз ҳар қадами ман огоҳ будаанд. Аз амният дар ин ҳама вақт ҳеч хабаре нест. Ман бо ду нафар роҳбалад тамоми командирҳоро гаштам, ҳатто ҷои гаравгонро пайдо кардам, вале аз онҳо ҳеч ҳаракате надидам. Шояд нисбат ба таъмини амнияти мо – шаҳрвандон, онҳо бо корҳои муҳимтаре машғуланд. Вагарна, чӣ гуна мешавад, ки ин авбошону ҷинояткорон шабу рӯз дар шаҳру деҳот ин ҳама бедод мекунанду амнияту милиса зиддашон чорае намебинанд?
Агар коре кунам, бо амниятиҳо вохӯрам, ҳатман ба гаравгон зарар мерасонанд. Чӣ бояд кард, чӣ, чӣ???
Майнаам беист кор мекард. Гиҷ шудам. Ҳама фикрро яксӯ гузошта, аз Зокирҷон хоҳиш кардам ба ҳавлӣ ронад, мехостам аз ҳама пеш ба хоҳарам хабар диҳам ва каме ҳам бошад, ӯро ором кунам. Бегоҳирӯзӣ ба хона расидем ва ба хоҳарбузургам хабар додам, ки ҷои Абдулҳакимро пайдо кардем. Ӯ ҳам ба саволборон сар кард, ки худам чаро ӯро надидам, чаро имрӯз халос накардам? Ӯ ҳам мисли ман хеле сода пиндошта буд. Фикр мекард бозии кӯдаконаи «рустшавакон» бошад. Агар ҷои касе ошкор шуд, ӯ ҳамон замон бояд аз паноҳгоҳаш барояд. Ман тамоми хатари вазъиятро дарк мекардам, вале наметавонистам ба ӯ фаҳмонам, бечора бе ин ҳам заҷри зиёд кашида буд. Ман ба ӯ фақат инро гуфтам:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё