Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
– Ҷои ӯ пайдо шуд, пагоҳ нишонаашро ба мо медиҳанд, баъд пул дода, халосаш мекунам, ту ором шав!
Дар асари чор шабонарӯзи бехобиву нимбедорӣ имшаб хобам бурда мондааст. Субҳ надамида, аз такон бедор шудам, ӯ ҳамон тавре, ки шаб назди тахт нишаста буд, ҳанӯз ҳам ҳамон тавр нишаста буду маро бедор мекард.
– Хез, хез, вақти рафтан шуд.
Берун ҳанӯз торик буд, шояд соат 4-5 буда бошад. Шаби да роз мижа таҳ накарда буд, фикр мекард агар бихобад, мо дер мекунем.
Мо ба мошин нону гӯшту дигар масолеҳи хӯрокворӣ бор карда, ба Ваҳдат равон шудем. Командирро дар қисми низомӣ пайдо накардем. Гуфтанд, ки ӯ дар хонааш деҳаи Бузбит будааст.
Хӯроквориро супурда, ба деҳааш равон шудем. Дилам ба сад кӯча мерафт, оё командирро дар хонааш пайдо мекарда бошем?
Ман он қадр бетоқат будам, ки ба ҳар деҳа, ки наздик шавем мепурсидам, ки оё ҳамин деҳааш аст? Саидбек – роҳбалади мо ба ман мефаҳмонд: ин деҳаи Чиртак аст, баъди 4-5 километр ба Туркобод мерасем, ки хонаи Ҳазрат он ҷост, аз паси он деҳаи Бузбит мешавад, ки бо Туркобод ба ҳам часпидаанд. Вақте мо ба назди хонаи командир расидем, ӯ дар назди хонааш ба як гурӯҳ, ки аз мошин бор мефароварданд, роҳбарӣ мекард. Моро дида, назди мо омад ва гуфт:
– Ин бародарат духтур будааст-а? Хеле бачаи шӯх будааст.
Бо бачаҳои мо унс гирифтааст, - аз даҳонаш баромада рафт.
Ман дигар исботе аз он, ки Абдулҳаким дар дасти ин гурӯҳи ҷиноятпеша аст, намехостам. Маълум буд, ки ӯ дар дасти ҳаминҳост. Гуфт:
– Ман бо Восит суҳбат кардам, - гӯё ман Воситро мешинохта бошам - ӯ мегӯяд як миллион доллар биёрад, раҳо мекунам.
Бародарат дар дасти Восит дар Ёвон аст, - иштибоҳи худро рӯй пӯш карданӣ шуд, ба ман бодиққат зеҳн монда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё