Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
– Холиқов Абдулҳаким, - гуфтам ман бо беқарорӣ.
– Холиқ, Холиқ, ҳа, ҳа фаҳмидам, ба ҳазрат гап назан, ман ме донам ӯ дар куҷост, - гуфт, садояшро паст карда командир саро семавор.
Ман дигар ҳеч рағбати бо Ҳазрат салом кардан надоштам.
Тамоми вуҷуди ман ба ин командир таваҷҷуҳ дошт. Бародари ман дар дасти ин гаравгон буд.
Командир пеш даромада, моро то назди ҳазраташ бурд. Мо салом кардем. Ҳазрат як марди қоматбаланди сӣ-сиюпанҷсола буда, риши кӯтоҳе дошт ва то ба наздаш расидани мо тасбеҳ гар донда, ором-ором роҳ мерафт. Аҷибаш ин буд, ки ҳатто дар ҳавлии қисми низомие, ки худаш фармондеҳи он буд, чор ҷондори мусаллаҳ аз чор тарафаш ӯро ҳимоят мекарданд, ангор ӯ ба ҳеч кас эътимод надошт. Ҳатто ба худо!
Ин Муҳаммадӣ Тӯраҷонзода, фармондеҳи қисми низомии мухолифон буд.
Мо бо ӯ, ки Саидбекро хуб мешинохт, салом кардему баргаштем. Назди дарвоза бо командир суҳбат карданӣ шудем, ки гуфт:
– Шумо пагоҳ биёед, ман муайян кунам, ки ӯ ҳанӯз зинда аст ё не. Касоне, ки ӯро гаравгон гирифтаанд, хеле хатарноканд.
Ба саволҳои ман, ки кӣ гаравгон гирифтаасту магар намешавад ҳамин ҳоло наздаш биравем? - хандид:
– Ҷӯра, ин гуна корҳо ин тавр ҳал намешаванд. Агар ту он ҳоро бинӣ, сиррашон фош мешавад, маҷбур мешаванд туро парронанд. Додаратро ҳам мепарронанд. Равед, пагоҳ биёед, ман то пагоҳ мебинам, шояд як исботе, ки воқеан ҳамон бародарат аст ва зинда аст, бароятон тайёр кунам, - ва Саидбекро канортар бурда, чизе гуфт. Саидбек омад ва мо аз дарвоза баромада ба мошин нишастем. Ӯ гуфт, ки пагоҳ вақти омадан, бояд ба қис ми низомӣ хӯрокворӣ биёрем, зоҳиран ин ҳамон чизе буд, ки командир ба ӯ дар алоҳидагӣ гуфта буд. Ғайр аз ин, коман-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё