Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
касофаткориро ҳамчун роҳи пулкоркунӣ ба гӯшаи гумонаш роҳ надода буд.
Аз ёру дӯстоне, ки ба дастгирии мо ҷамъ омада буданд, хоҳиш кардам, ки тамоми сардхонаҳо, бемористонҳо ва мили сахонаҳои шаҳри Душанбеву шаҳрҳои атрофро биҷӯянд. Ҳавлии моро маркази иттилоот таъин кардам.
Он замон дар Душанбе ва атрофи он дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ амал мекарданд. Онҳо бо номи сардоронашон маъ руф буданд. Дастаҳои Раҳмон Ҳитлер, Мансур Муаккалов, Ризвон, Саидмухтор ва ғайра бедодгарӣ мекарданд. Молу ҷони мардумро тороҷ мекарданд, роҳзанӣ мекарданд. Гаравгонгирӣ низ яке аз роҳҳои даромадашон буд. Ҳар рӯз мешунидӣ, ки писари фалониро, бародари бисмадониро гаравгон гирифтаанд ва ба ивази пардохти пул раҳо кардаанд. Ҳар номаъқулие, ки хоҳанд, мекарданд. Ангор инҳо човандозони муғул буданд ва мардумро буз мекашиданд.
Як тоҷире буд, ки Алишер ном дошт. Ӯ бо умдафурӯшии маводи хӯрокворӣ машғул буд. Мағозаҳояш, ки дар наздикии истгоҳи роҳи оҳан ҷойгир буданд, ба номи «Сафар сентр» хеле маъруф буданд. Бародари ҳамин тоҷирро гаравгон гирифтанд, маблағашро ҳам ситонданд ва боз ҳам раҳо накарданд, шояд кушта будандаш. Чашмони модараш аз ашкрезӣ кӯр шуд. Ва дере нагузашта, модари бечора аз ғам мурд.
Муовини раиси Бонки миллиро гаравгон гирифтанд, ки бо пардохти пули калон харидандаш.
Писари як дӯсти дигарамро гаравгон гирифта буданд, ки худаш дар мақомоти низомӣ кор мекард.
Махсусан, вақте ман ба ин табоҳкорӣ рӯбарӯ шудам, бо касони зиёде, ки аз дасти ин ҳайвонсиратон зулм дида буданд, шинос шудам ва қиссаҳои нафратангези онҳоро шунидам.
Бо дӯстон нақша кашидем, ки як-як ин силоҳбадастони табаҳ корро дида, пурсем, шояд суроғи Абдулҳаким пайдо шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё