Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
тасалло додам, ки ман ӯро меёбам, пагоҳ рӯз шавад, аз пасаш мешавам. Дигар ҳарфе барои гуфтан надоштам.
Бо хомӯшӣ шабро дар курсиҳо нишаста, рӯз кардем. Саҳар рӯз нашуда, боз дӯстону ҳамкорони дигар хабар ёфта меомаданд. Ҳама воқеан андӯҳгин буданд, мисли ман узве аз баданашонро гум карда буданд. Дар он рӯзҳои вазнин дӯстони зиёд шабу рӯз дар канори оилаи мо буданд. Тамоми майдонҳои киштзори атрофи шаҳр, ҷуйбору рӯдхонаву заҳбурҳо, бемористону сардхонаҳоро кофтанд. Доим дар тамос бо милисахонаҳо буданд. Ҳеч ҷӯгиву фолбине намонд, ки нарафта бошанд. Ман заҳмати якояки онҳоро ёд дорам, миннатдорам ва ҳеч гоҳ фаромӯш намекунам.
Устод Сорбон омада, дилбардорӣ карданд ва гуфтанд, ки бо дӯсташон генерали амният Худойқул Ҳамроқулов суҳбат кардаанд ва ӯ интизори мост, салоҳ аст, ки наздаш биравем.
Ба назди ҷаноби Ҳамроқулов рафтем ва ман буду шуди корро гуфта додам. Ӯ як афсарро даъват карда, супориш дод ва он афсар тамоми ҷузъиёти ҳодисаро навишта гирифт ва ваъда дод, ки ба зудӣ ҷои Абдулҳакимро пайдо карда, ӯро озод мекунад.
Инчунин ӯ ба ман омӯзиш дод, ки дар ҳолатҳои зарурӣ чи гуна рафтор намоям. Гуфт, ки дигар ба идораи амният наоям, онҳо аз паси ман ва ҳавлии мо назорати 24-соатӣ таъин карда, худашон аз ҳама кор огоҳ хоҳанд шуд. Ман хеле рӯҳбаланду дилпур шудам, ки дунё соҳиб дорад ва мақомоти кишвар бародарамро пайдо карда, ҷинояткоронро ҷазо медиҳанд.
Вале албатта, худам ҳам даст рӯи даст нишастанӣ набудам.
Нақша кашидам, ки ман бо Зокирҷон ва Исмоил ба назди фармон деҳони мухолифон меравем ва якояки онҳоро мебинем.
Гаравгонгирӣ ваҳшитарин ҷиноят аст, ки ҷангиёни мухолифон ба кишвар ворид карда буданд. Ин ҳама сол кишвар дар му ҳосираи ҷангсолорон бошад ҳам, ҳеч гоҳ касе аз онҳо ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё