Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Як дӯсти дигарро, ки аз деҳаи Охтоқ буд, раҳнамо гирифта, ба минтақаи Теппаи Самарқандӣ, ки маскани Раҳмон Ҳитлер
– яке аз ин одамсуратони ҳайвонсират буд, рафтем. Вақте ки аз кӯтал боло мебаромадем, ногоҳ аз пушти дарахт ду сарбози му саллаҳ баромада, пеши мошинро гирифтанд. Роҳбалади мо фуромада, бо онҳо салом кард ва онҳо мошинро тафтиш карда, ба мо иҷозати гузаштан доданд. Каме болотар як нафари дигар рӯи роҳ баромад. Роҳнамои мо «Раҳмон ҳамин аст», гуфта, ба ро нанда Зокирҷон ишора кард, ки мошинро нигоҳ дорад. Мо пиёда шудем ва ба назди он булаҷаб рафтем. Қади ӯ тақрибан яку шаст, ришаш то ноф, либосҳои низомии танаш аз худаш бу зургу овезон буданд ва боз ҳам қади ӯро пасттар нишон медоданд. Сураташ аз сираташ беҳтар набуд. Номаш Раҳмон Ҳитлер бошад ҳам, ман дар зеҳнам ӯро «пакана» номидам.
– Ҳа, эшон, чӣ гап? -гуфта аз роҳбалади мо савол кард Пакана. Роҳбалади моро, ки аз зоти эшонон будааст, дар ин ҷо ҳама мешинохтанд ва «эшон» хитоб мекарданд.
– Ҳамин бародаро як бародарашонро гум кардаанд, омадем пурсем, ки шумо ягон хабар надорен? - гуфт роҳбалад.
– Кӣ бдай? Номуш чияй? - пурсид Пакана, ки ангушташро ба бинияш халонда, чизе мекофт. Зокирҷон, ки лаҳҷааш ба ӯ мо нанд буд, фаҳмонда дод.
– Ай ҳаштоду ду гирифтануш? - зеҳни Пакана банди чизе буд, ки такроран пурсид.
– Ҳа, тақсир, - гуфт Зокирҷон.
– Мошинша нагирифтан? - боз пурсид Пакана, як тори ришашро шартӣ канда, пеши чашмаш оварда аз назар гузаронд ва чизи мекофтаашро наёфт магар, ки ба замин партофт.
– Не, тақсир, мошина нагирифтанд, - Зокирҷон ҷавоб дод.
– Читарӣ мошинай? - суоли навбатиро дод Пакана.
– Нексия, тақсир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё