Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Чизи ҷолиби дигар, ки дар замони иштироки ман ҳанӯз вуҷуд дошт, ин буд, ки дар даромадгоҳи толори ҳамоиш дарбоне бо либосҳои зардӯзӣ ва асои заркӯб меистод. Вақте иштирокчиён бо навбат барои дохил шудан ба дами дар меомаданд, ӯ аз рӯйхат номашонро ёфта, асояшро ду бор ба замин кӯфта, бо садои баланд ба аҳли толор номи шахс ва ширкаташро эълон мекард. Хандаовар он буд, ки ӯ номи мо ва ширкатҳоямонро та лаффуз карда наметавонист ва боиси шӯхиву хандаи ҳамагон ме гашт.
Дар ин толори бузург барои чандсад нафар мизҳои даҳкасӣ ме гузоштанд ва дар рӯи ин мизҳо номи меҳмононро навишта мемонданд ки ҳар кас ба ҷои муқарраршуда менишаст.
Аввалин касе, ки суханронӣ мекард, аз ҳукумати Инглистон буд, баъд се-чор нафар аз сарони ширкатҳои бузург сухан карда, пешбинияшонро дар бораи бозор арз мекарданд. Вақти суханронии онҳо меҳмонони ҳар миз байни худ шарт мебастанд, ки ӯ чанд дақиқа суханронӣ мекунад ва касе, ки вақти аз ҳама наздикро гӯяд, баранда шуда, ҷоиза мегирифт. Ин ҳам яке дигар аз суннатҳои ин ҳамоиш буд.
Он сол дӯсти азизам Ҷон маро бо молики ширкати Вейкфилд шинос кард. Номи пурраи ӯ Питер Вейкфилд буд. Ӯ худро ба ман Питер муаррифӣ кард. Дар сари миз ҷойи ман дар канори ҷаноби Вейкфилд буд. Бори аввал ба ӯ «мистер Вейкфилд»
гуфта муроҷиат кардам. Ӯ муаддабона, «Peter, please», яъне ба ман Питер гуфта муроҷиат кунед, гуфт.
Ман тибқи одоби панҷрӯдӣ ҳеч наметавонистам ба чунин инсони бузург, ки ба сол ҳам аз ман бузургтар буд, Питер гуфта, муроҷиат кунам. Дафъаи дигар ҳамон тавр «мистер Вейкфилд», гуфта муроҷиат кунам, аслан таваҷҷуҳ накард. Чун ҳама хомӯш буданд, беэътиноии ӯ диққати ҳамаро ҷалб кард ва ман сурх шудам.
– Питер гӯй, - ба ёрии ман шитофт Ҷон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё