Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Базӯр худро маҷбур карда:
– Питер, - гуфтам, боз ҳам бештар сурх шуда.
– Yes, dear (бале, азизам), - бо табассуми фарох ба ман рӯй овард мистер Вейкфилд.
Ин ҳодиса дар зеҳни ман ҳикояи «Қозизодаи румӣ ва Мавлоно Ҷомӣ»-ро зинда кард ва ман дидам, ки фурӯтанӣ ба шахс ме зебад, чӣ басо шахс мартабаи баланд дошта бошад.
ЛАТИФА
о тоҷикон хеле меҳмондӯстем. Махсусан, агар меҳмон Мхориҷӣ бошад, ӯро ба таври худамон хеле эҳтиром мекунем. Ин суннати ифтихории мост. Фарқе надорад, ки ин меҳмон ба меҳмондории мо чӣ гуна муносибат мекунад, барои мо суннати худамон муҳимтар аст. Ҳатто ба гӯшаи хаёламон намеояд, ки меҳмон метавонад аз ин меҳмоннавозии аз ҳад зиёд нороҳат бишавад. Меҳмоннавозӣ дар фаҳми мо бештар хӯрокдиҳӣ ба меҳмон аст. Шояд замони пеш, ки мошину ҳавопаймо набудааст ва меҳмонон рӯзу ҳафтаҳоро дар роҳ мегузаронидаанд, сабаб шуда бошад, ки мо саъй кунем меҳ монро дар як нишаст барои як ҳафтаи пеш ва ҳафтаи баъдӣ хӯрок диҳем, то гушнагии дар роҳи омаду рафт кашидаашро ҷуброн кунем.
Боре, ҳодисаи ҷолибе рӯй дода буд. Як писари соҳиби ширкати бозаргонии амрикоии «Данавант» ба Тоҷикистон меҳмон шуда буд. Албатта, баъд аз даъвои зиёд, довталабон барои меҳмон гирифтани ӯ рӯйхати навбатро таҳия карда буданд.
Мо чанд нафар сарони ширкатҳои содиркунандаи пахта низ дар ин зиёфатҳо даъватӣ будем. Дар як зиёфати шоми ин силсила, меҳмони амрикоӣ баъд аз хӯрдани хӯроки якум эълон кард, ки дигар чизе хӯрдан намехоҳад. Мизбон, хӯроки дуву-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё