Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ВЕЙКФИЛД

ан дар дунёи тиҷорати пахта бо шахсони зиёд шинос Мшудам ва иттифоқҳои аҷиберо шоҳид будам ва чанд ҳикоят аз онҳо меоварам, ки ба назарам аз аҳаммият холӣ нест.
Истондорти сифати пахта ҷузъиёти зиёд дорад. Коршиносони тахассусӣ дар озмоишгоҳҳои махсус аз рӯи намунаҳои ис тондортӣ навъ, сифат ва гурӯҳи онро ташхис карда, гувоҳ но ма содир мекунанд, ки дар асоси он пахта нархгузорӣ ва хариду фурӯш мешавад.
Ширкатҳои махсус ҳастанд, ки пешаашон ҳамин аст. Он ҳо дар хариду фурӯши пахта дахил нестанд, фақат аз пахта намуна бар дорӣ карда, онро ташхис мекунанд ва гувоҳномаи сифат медиҳанд. Одатан, ин ширкатҳо дар дунёи пахта маъруф ва муътамад ҳастанд.
Аслан, дар дунё солона 23 миллион тон нахи пахта истеҳсол мешавад, ки онро дар тойҳои 200-килоӣ бастабандӣ мекунанд.
Ин ҳаҷм тақрибан муодили 120 миллион той мешавад. Намуна бардорӣ аз даҳ дарсади ҳамин миқдор той сурат мегирад, ки вусъати кори ин ширкатҳоро нишон медиҳад.
Яке аз калонтарин ва маъруфтарин ширкатҳои ин соҳа ширкати инглисии Wakefield Inspection Services аст, ки дар кулли кишварҳои пахтасодиркунанда, аз ҷумла дар кишвари мо ҳам намояндагӣ дорад.
Рӯзе дар шаҳри Ливерпул ҳамоиши солонаи ширкатҳои пах та баргузор шуд, ки ман ҳам дар он иштирок доштам. Ин ҳамоиш тибқи суннатҳои қадимии бозаргонони пахта, ки аз сарватмандтарин ашхоси дунё буданд, баргузор мешуд. Масалан, яке аз суннатҳояш ин будааст, ки солиёни зиёд ба ин ҳамоиш занҳоро роҳ намедодаанд. Вале солҳое, ки ман дар он иштирок кардам, аллакай занҳо на фақат иштирок мекарданд, балки ширкатҳои зиёди тиҷории пахтаро сардорӣ низ мекарданд.

пешина
аз 253
навбатӣ