Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
– Чанд? - тори асабҳоям таранг мешуд.
– Даҳ ҳазор.
– Даҳ ҳазор доллар? - Комрон бо ишораи сар тасдиқ кард.
Ҳис кардам, ки қиёфаам гарм мешавад, хун ба сарам зад.
– Барои чӣ? Аз молиёте, ки мо месупорем, ӯ маош мегирад, баръакс ӯ бояд ба мо ёрӣ кунад, ки хатоҳоямон рафъ шаванд! - хитоб кардам ман. Комрон хомӯш сар ба зер афканда меистод.
– Рафта гӯй, агар камбудиҳои ошкоркардааш ҳар қадр ҷари ма мешуда бошад, ҳамонро расмӣ месупорем, - гуфтам ман.
– Ман ду рӯз боз бо ӯ баҳс мекунам, бефоида. Аввал ӯ се ба робар зиёд мепурсид, - ҷавоб дод Комрон.
– Ман худам бо ӯ гап мезанам, - гуфтам ман.
Дар вақти таъиншуда ба утоқи кории ӯ рафтам. Пурсидам, ки дар кадом асос ӯ мехоҳад аз мо пул ситонад?
– Ҳама медиҳад, ту ҳам медиҳӣ! - ва аз киҳо чӣ қадар ситонданашро гуфта дод. Ин ҳамаро қаблан ба Комрон ҳам гуфта буд. Ман гуфтам, ки ба дигарон кор надорам, вале мо ҳамаи андозу пардохтҳоро саривақт супоридаем ва гуноҳе надорем, ки бо ришваву пора бипӯшем.
– Туро кӣ гуфтааст, ки ҳамаи андозҳоро супорӣ? - маро дар ҳайрат гузошт ӯ.
– Магар насупоридан мешавад?
– Намесупоридӣ, ман ҳозир санад тартиб дода, ҳамаашро ду руст нишон медодам, ҳам ту фоида мекардӣ, ҳам ман! - ақл ёд дод ӯ ба ман.
Оромона фаҳмондам, ки ин талабаш ҷиноят аст.
– Ба куҷое хоҳӣ, арз кун, шумо ҳафтод сол хӯрдед бас! Акнун навбати мо! - гуфта дӯғ зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё