Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Ман дидам, ки Оксана ҳарф намеёбад, ки таассуроташро баён кунад, латифаи он вақтҳо маъруфро нақл кардам, ки сараввал каме тавзеҳ мехоҳад.
Солҳои навад, вақте ки соҳибкории хусусӣ иҷозат шуд, дар Русия аз ҳисоби шахсони авбош ва музофотӣ гурӯҳҳои ҷиноии зиёд пайдо шуданд, ки бо авбошиву зӯрӣ ва роҳҳои дигари ғай риқонунӣ сарват ҷамъ мекарданд. Халқи рус ба онҳо «руси нав» ном гузошта буд. Одатан «русҳои нав» одамони бемаданият ва говзӯр буданд, ки сарвати зиёд ба даст оварда бошанд ҳам, донишу ахлоқи хуб надоштанд. Халқи рус дар бораи онҳо латифаҳои зиёд месохт.
Рӯзе «руси нав»-е бо писари хурдсолаш аз хиёбони Арбати Маскав, ки наққошон дар хиёбон нишаста, тасвири одамонро мекашанд, мегузашт. Писарак вақте наққошро дид, ки бодиққат тасвир мекашад, аз падараш пурсид:
– Ӯ чӣ кор мекунад?
«Руси нав» ҷавоб дод:
– Барои дурбини суратгирӣ харидан пул надорад, маҷбур бо дастонаш тасвир мекашад.
Оксана бо ризоят сар ҷунбонд. Мурод, ки аз ҷинси «руси нав» буд, ҳамчунон бо шавқ дар бораи биноҳои шишагӣ ва ҷилодори Дубай нақл мекард. Ӯро мешавад «тоҷики нав» унвон кард.
Ҳамин буд сатҳи фарҳангу ҷаҳонбинии раисони аксари ширкатҳои фючерсӣ. Мутаассифона, дар натиҷаи ҳарҷу марҷи дар кишвар иттифоқ афтода, дар аксари соҳаҳо шахсони тасодуфӣ ба роҳбарӣ расида буданд.
Ростӣ, он солҳо дар силсилаи маблағгузории пахта дуздӣ аз таҳ то боло сурат мегирифт, вале раисони ширкатҳои маҳаллӣ нақши харобкори бештаре доштанд. Дар ҳоли масъулияти бештар эҳсос кардани онҳо ин соҳа метавонист судовар шавад ва нақши «локомотив»-ро дар иқтисоди кишвар иҷро кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё