Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Ман, ки риояи инсофу ҳалолхӯриро дар тиҷорат сармашқи кори худ қарор дода будам, бо ин тарзи тафаккур ва маблағ гузорӣ комилан мухолиф будам ва аз ин сабаб бо раисони кол хозҳое, ки мақсади ободкорӣ доштанд, суҳбат карда, онҳоро бовар кунондам, ки оқибати ин кор хуб нест. Аз ҳамкорӣ бо кол хозҳое, ки ба низоми фасод одат карда буданд, даст кашидам. Ва дар маблағгузорӣ сарфаҷӯиро ба роҳ мондам. Бо камтарин ҳазина ҳосилро мерӯёндем, ки ин тарзи кор дар ниҳоят ба хоҷагиҳо даромади бештаре медод. Дар давоми се-чор сол хоҷагиҳо тавонистанд, ки қарзҳои моро баргардонанд ва худкифо шаванд. Масалан, вақте мо бо хоҷагии 50-солагии СССР аз ноҳияи Қубодиён қарордод бастем, аъзояш аз Афғонистон баргашта буданд ва хоҷагӣ дар ҳоли бад қарор дошт. Порки тракторҳо ва анборҳояш комилан ғорат шуда буданд. Дар давоми се-чор сол ин хоҷагӣ ба пуррагӣ барқарор ва худкифо шуд.
Раҳим ном зодаи деҳаи Ғӯйтани дараи Киштӯдро солҳои 60, баъд аз хатми донишгоҳ барои муаллимӣ, бо роҳхат ба но ҳияи Бохтари вилояти Қӯрғонтеппа фиристода будаанд.
Ӯ ҳамон ҷо хонаву дар карда, оиладор шуда будааст. Вақти ҷанги шаҳрвандӣ ӯ гуреза шуда, ба зодгоҳаш баргашт. Писари ӯ Зокирҷон ронандаи мошини боркаш ва дӯсти бародари калониям Абдунаим, дар ширкати мо ронандагӣ мекард. Рӯзе Зокирҷон тағобачааш Абдулмӯминро аз ноҳияи Фархор ба назди ман овард. Абдулмӯмин мехост дар ширкати мо ҳамчун нигаҳбон ба кор дарояд. Дар суҳбат бо ӯ ман донистам, ки ӯ фарди боғайрат ва қобил аст. Он замон қарори ҳукумат дар бораи ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим кардани колхозҳо баромада буд. Ман ба ӯ моҳияти ин қарорро фаҳмонда, хоҳиш кардам, ки рафта замин гирад ва хоҷагии деҳқонӣ ташкил намояд. Ӯ хоҷагии деҳқонии «Сомониён» ташкил карда, аз сифр оғоз кард. Ман хоҷагии ӯро бо маблағ таъмин карда, ба ӯ роҳҳои сарфакорӣ дар рӯёндани пахтаро нишон медодам. Ӯ худаш, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё