Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

зистро олуда намекунад. Аз дучарха низ фаровон истифода ме кунанд, ки аз як сӯ, барои саломатии худашон муфид бошад, аз сӯи дигар, ҳаворо олуда намекунад ва ба тозагии муҳити зист мусоид аст.
Боре, сарони ширкатҳои пахтафурӯши маҳаллӣ ба шаҳри Винтертури Свисс барои музокирот ба офиси ширкати Рейнҳарт рафтанд. Молики ширкат ҷаноби Пол Рейнҳарт бо дучарха ба кор омад.
Бардошти сарони ширкатҳо ҷолиб буд, ба ӯ лақаби «мурда»
доданд. Мегуфтанд, хеле сахт аст ин Пол, бо ин ҳама дороӣ ди лаш намешавад, як мошин харад барои худаш. Ҳол он ки ӯ садҳо миллион дороӣ дошта бошад ҳам, шахси фурӯтан буд, зин дагии сода дошт ва ҳар сол миллионҳо доллар кумакҳои хай рия мекард. Ба андешаи навкисагон, агар касе пулдор шавад, бояд бо такаббур ва пурҷило зиндагӣ кунад.


Боре баъд аз ҳамоиши тоҷирони пахта, ки дар Инглистон воқеъ шуда буд, дар шаҳри Ландан сайругашт ва тамошо мекардем. Роҳбалади мо Оксана аз ширкати «Данавант» буд. Калисои Вестминстерро тамошо карда, берун баромадем. Ин як бинои қадимии боҳашамат аст, ки деворҳояш бо тахтасангҳои бузурги хокиранг пӯшида шудаанд. Сангҳои девор аз сабаби иқлими рутубатнок пардае аз ҳарири мағор дошт. Биноҳои атрофаш низ ҳамин тавр бо салиқаи хоси инглисӣ тарроҳӣ ва кошинкорӣ шудаанд. Мурод, яке аз сарони ширкатҳои содироти пахта, ки низ ҳамроҳи мо буд, аз Оксана пурсид:
– Ин инглисҳо хеле сахтанд, чаро ин деворҳоро, аққалан, ранг намекунанд?
Чашмони Оксана аз косахонааш берун заданд:
– Мурод! - бо ҳайрату тааҷҷуб гуфта тавонист ӯ.

пешина
аз 253
навбатӣ