Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
да, ҳосилро то мавсими пахтачинӣ расонда бошам ҳам, дигар маблағ надоштам, ки харҷи чинишро бидиҳам. Барои чидани пахта маблағгузории зиёд лозим мешуд. Агар дастмузди чинакчиён, хирманчиён, маводи сӯхт ва ғайра саривақт пардохта нашавад, ҳосил талаф мешуд. Агар рӯёндани пахта хеле заҳматдор бошад, ҷамъоварии он бамаротиб масъулиятноктар аст, зеро он, ба истилоҳ, «бардоштани ғалбер аз об» аст.
Тасмим гирифтам, бо раиси ширкати «Данавант», ки тарафи қарордод бо ширкати мо буд, вохӯрам. Ман бо ӯ ду масъаларо баррасӣ ва ҳал кардан мехостам. Якум, назм дар маблағгузорӣ бояд риоя мешуд ва маблағҳо сари вақт пардохт мешуданд.
Дувум, ба назари ман, он ширкат бояд дар зиён шарик мегашт, зеро соли аввал мо ва хоҷагиҳо зиёни зиёд дида будем, вале онҳо танҳо фоида дида, ҳеч масъулияте надоштанд. Агар кор ҳамин тавр давом кунад, хатари боз ҳам ба қарз ғӯтидани мо вуҷуд дошт. Воқеан, нақши ширкатҳои хориҷӣ дар ин занҷира аҷиб буд. Кафолати баргашти маблағро давлат медод, барои рӯёндани пахта манобеи кишвар сарф мешуд, вале ширкатҳои хориҷӣ аз ин кор фақат суд мебурданд ва ҳеч ҷавобгарие надоштанд. Ба андешаи ман, ин ширкатҳо мебоист ё судашонро бо хоҷагиҳо тақсим мекарданд, ё дар ҷуброни зиён саҳим мебуданд.
Ба офиси он ширкат ба шаҳри Мемфиси иёлати Теннесӣ дар Амрико рафтам. Бо Абдулҳаким, ки дар он ҷо хонишашро дар мактаби пахта ба анҷом мерасонд, ба офиси ширкати «Данавант» рафтем. Ҷаноби Данавант моро дар утоқаш пазируфт.
Ман ним соат тамоми вазъи ба вуҷуд омадаро тавзеҳ додам.
Фаҳмонда додам, ки тамоми зарфияти тимӣ ва молии ширкати мо ва хоҷагиҳо барои рӯёндан ва содир кардани пахта ба ширкати ӯ равона карда шудааст. Ҳоли баъдиҷангии кишвар ва ҳоли зори деҳқононро низ нақл кардам ва зарарҳои бо сабаби номуназзам иҷро шудани маблағгузорӣ кашидаи мо ва колхозҳоро якояк баршумурдам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё