Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ӯ ҳарфи маро гӯш кард ва гуфт:
– Кор бо Тоҷикистон барои мо суди кам дорад.
– Чаро? - даступо хӯрдам ман.
– Ҳошияи байни нархи хариду нархи фурӯш хеле кам аст,

  • гуфт ӯ. Ва илова кард:
    – Масалан, дар Замбия мо пахтаро хеле арзонтар мехарем.
    Кош инро нагуфта буд. Тавзеҳоти пурэҳсоси ман аз як гӯшаш даромада, аз дигараш баромада буд. Ҳоли зори мазлумони африқоӣ дар назарам ба ҷилва омад. Якбора дилам ба ҳоли зану кӯдакони пойлуче, ки дар саҳроҳои Тоҷикистон пахта мечинданд, даҳчанд сӯхт. Ин кас мехост аз онҳо ғуломони африқоӣ дуруст кунад.
    Аз утоқи ӯ хеле нороҳат берун омадам. Худро лаънат мекардам, ки гурӯҳи азимеро иборат аз кормандони ширкат ва кулли деҳқонони колхозҳои ҳампаймонам хизматгори хоҷае кардаам, ки мафкураи ғуломдорӣ дорад. Тамоми дороии худро гузоштам, тамоми зарфияти ҳамкоронамро 24 соат истифода кардам, ки аҳдамро иҷро кунам, фикр мекардам, ӯ маро дастгирӣ хоҳад кард, ором-ором вазъ хуб мешавад, кори наҷиберо анҷом медиҳам, ҳоли деҳқононро ба тадриҷ хуб хоҳам кард.
    Охир, намояндаи ин ширкат дар назди мо Ҷон буд, ман то ҳол бо он дӯсти азизу меҳрубон кору суҳбат мекардам, ӯ ҳамеша саъй мекард, ки вазъро дар назар бигирад, мушкилоти мову хоҷагиҳоро мефаҳмид. Ҳеч гоҳ инчунин муносибатро ба худаш иҷоза намедод.
    Акнун фаҳмидам, ки чаро Ҷон ҳам бо вуҷуди он ҳама дарки вазъ, на ҳамеша метавонистааст ёрӣ кунад. Дар пушти ӯ роҳбараш меистод, ки назараш комилан дигар буд. Раиси ширкати «Данавант» ба Тоҷикистон омада, аз колхозҳо дидан карда бошад ҳам, хеле тиҷорӣ фикр мекард. Дар он сӯи қарордод ба ғайр аз суд чизеро намедид. Ба тақдири ҳампаймонаш ва зану
пешина
аз 253
навбатӣ