Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

То ин дам дар соҳаи пахта, баъд аз пошхӯрии низоми маблағ гузории шӯравӣ, равишеро ҷорӣ карда буданд. Ширкати бо заргонии свисӣ бо номи «Рейнҳарт» харидори нахи пахтаи Тоҷикистон буд ва бонки «Кредит Свис» зери кафолати Бонки миллии Тоҷикистон маблағгузории соҳаро аз тариқи якчанд ширкати маҳаллӣ анҷом медод.
Ширкати амрикоии «Данавант», ки Ҷон намояндаи он буд, низ мехост бо ҳамин равиш қисми пахтаи кишварро бихарад.
Инҳо ду ширкати бозаргонии бузурги пахтаи дунё буданд ва намехостанд мустақим бо колхозҳо қарордод банданд, зеро ҳамкорӣ бо хоҷагиҳо дарди сари зиёд дошт. Онҳо бо ширкатҳои маҳаллӣ ва ин ширкатҳои маҳаллӣ дар навбати худ, бо колхозҳо қарордод мебастанд. Рӯйхати ширкатҳо бо қарори ҳукумат тасдиқ шуда, пас аз он кафолати Бонки миллӣ содир мешуд, ки зери он маблағгузорӣ аз сӯи бонки «Кредит Свис» анҷом мегирифт.
Мо бо якчанд колхозҳо қарордоди маблағгузорӣ ва хариди нахи пахта бастем ва дар муқобилаш бо бонки «Кредит Свис» шартномаи қарзӣ ва бо ширкати «Данавант»
қарордоди харидуфурӯши пахта баста, ба кор шурӯъ кардем. Ин қарордодҳо бисёртарафа буда, бонки «Кредит Свис»
қарздиҳанда, Бонки миллии Тоҷикистон кафил, «Агроинвестбонк» иҷрокунанда, колхозҳо тавлидкунанда, ширкатҳои маҳаллӣ содиркунанда, ширкатҳои «Данавант» ва «Рейнҳарт»
харидор буданд. Мувофиқи ин қа рор додҳо аввал маблағгузорӣ ба таври қарз анҷом мешуд ва баъдан пахта бор шуда, он қарз баргардонида мешуд, ки ба истилоҳ, муомилаи фючерсӣ – муомилае, ки дар оянда анҷом мешавад, номида мешуд. Аз ин сабаб, ширкатҳои моро ширкатҳои фючерсӣ меномиданд. Мо ба соҳаи муҳимтарини иқтисоди кишвар ворид шудем, зеро пахта маҳсулоти асосии содиротии кишвар буд ва қисми зиёди аҳолии кишвар дар ҳамин соҳа кор мекарданд.

пешина
аз 253
навбатӣ