Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
ТИҶОРАТИ «ТИЛЛОИ САФЕД»
ахи пахта дар иқтисоди дунё ҳанӯз ҳам аҳаммияти ис- Нтротежик дорад, вале қаблан то кашфи нахҳои сунъӣ, аҳаммияти вижаи истротежик доштааст. Кишварҳои ҷаҳон қисми захираҳои молии миллии худро бо нахи пахта нигоҳ медоштаанд. Кишварҳои абарқудрат ҳанӯз ҳам захираҳои кофии нахи пахта доранд, зеро дар замони ҷанг таъмини артиш бо либосу палос яке аз омилҳои асосии ғалаба аст. Иттиҳоди шӯравӣ заминҳои корами Осиёи Миёнаро асосан ба ҳамин зироат тахсис дода буд. Ҳаёти Тоҷикистон ва мардуми тоҷик ба пуррагӣ вобастаи ҳамин зироат буд. Нақши ин зироат дар иқтисоди Тоҷикистон он қадр бузург буд, ки онро «тиллои сафед» меномиданд ва дар васфаш шеъру достон менавиштанд.
Қисми аъзами тавлидоти ҷумҳурӣ аз пахта иборат буд. Аз ин сабаб дар солҳои баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ ҳам, ин зироат асоси даромади арзии кишварро ташкил мекард.
Ҳамин тавр, ман пахтаи он хоҷагиро ба ширкати «Данавант» фурӯхтам ва муомилаи аввалини ман дар тиҷорати пахта анҷом шуд, вале он маҳз ба хотири рӯёндани қарзи мо аз он колхоз сурат гирифта буд ва ман ҳанӯз нияти идомаи ин корро надоштам.
Аз он ду хориҷӣ, ки дар ҳавопаймо шинос шуда будам, якеашон – Ҷон Стэд рӯзе ба Душанбе омад ва хоҳиши вохӯрдан кард. Дар вохӯрӣ маълум шуд, ки ӯ ин дафъа бо мақсади маблағгузорӣ барои рӯёндани пахта ва хариди он омадааст.
Ҷон аз ман хоҳиш кард, ки дар ин маблағгузорӣ ширкат кунам.
Рӯзи дигар дар Бонки миллӣ, ки ин маблағгузорӣ аз тариқи он амалӣ мешуд, вохӯрии калон ташкил шуд, ки мо – сарони чанд ширкати маҳаллӣ бо намояндагони бонкҳо ва ширкатҳои хориҷии харидори пахта иштирок кардем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё