Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Соли 1997 соли аввали қарордодҳои фючерсии мо буд.
Барои ҳар ҳектар ба мо 300 долларӣ дар замони рӯёндан ва
75 долларӣ барои чидани пахта қарз доданд. Аз рӯи ҳисоби пешакӣ, ки дар асоси нархи 1000 доллар барои ҳар тоннаи нахи пахта ҳисоб карда шуда буд, дар ҳоли 2,2 тон ҳосил гирифтан, аз ҳар ҳектар ин қарз бояд пӯшида мешуд. Ин кор нисбат ба корҳои қаблии мо заҳматталабтар буд. Аз ин сабаб, ман корро тақсим карда, ҳамкоронро дар вазифаҳо масъул кардам ва худам ба онҳо роҳбарӣ мекардам. Абдулҳаким масъули таъминот, Комрон масъули молӣ, Акрам ном коргари собиқадорро масъули борбарӣ таъин кардам, ки ҳар кадоми онҳо дар зери дасташон гурӯҳи корӣ доштанд. Ғайр аз ин, муҳандиси кишоварзӣ ва тими муҳосиботӣ низ доштем, ки ҳар кадом масъулияту салоҳиятҳои мушаххас доштанд ва мудирияти корро барои ман осон мекарданд.
Он сол дар кишвар ба ҳисоби миёна аз ҳар ҳектар 1,6 тон ҳосил ба даст омад. Сабаби асосии кам шудани ҳосил мудирияти бади колхозҳо буд. Раисони колхозҳо аксаран шахсони тасодуфӣ ва аз деҳқонӣ дур, дар асари ҷанги шаҳрвандӣ бамансабрасида буданд. Маблағгузориро тибқи барнома сарф накарда, барои ниёзҳои шахсии худ сӯистифода мекарданд.
Агар мо бо даҳ-дувоздаҳ колхоз қарордод дошта бошем, он колхозҳое, ки хуб мудирият мешуданд, аз ҳар ҳектар аз 2 то 2,5 тон ҳосил гирифта буданд, дар ҳоле, ки баъзеи дигар як тоннаӣ пахта ҷамъ оварданд. Аз бетаҷрибагӣ, мо аз ин фиребгариҳои раисони бевиҷдони ин хоҷагиҳо дер – дар замони чиниш огоҳ шудем, ки кор аз кор гузашта буд, ва ин як тон ҳам бо саъю кӯ шиши кормандони мо, ки шабу рӯз дар ин хоҷагиҳо мегаштанду назорат мекарданд, ба даст омад.
Ғайр аз ин, аз моҳҳои октябр-ноябр маҳдудияти барқ дар кишвар ҷорӣ шуд, ки корхонаҳои пахтатозакунӣ аз кор монданд ва содироти пахта то баҳор ақиб афтод, ки ғайр аз норозигии

пешина
аз 253
навбатӣ