Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

рӯз дар Душанбе кор мекардам, шаб бо мошин ба роҳ баромада, худамро ба Хуҷанд мерасондам, дар мошин мехобидам, рӯзи дигар дар Хуҷанд кор мекардам ва шаби баъдӣ боз ба Душанбе баргашта, рӯзи дигарро ҳам аз даст намедодам. Рӯзҳои истироҳат ва идро бад медидам. Ончунон сар ба кор фурӯ бурда будам, ончунон бо шавқ кор мекардам, ки як лаҳза ҳам орому қарор надоштам.
Кор торафт васеъ мешуд ва ман ба танҳоӣ ба ҳамаи корҳо намерасидам, аз ин сабаб мувофиқи ниёз корманд мегирифтам. Назрулло ном дӯсте доштам, ки маро бо як ҳамсинфи мактабияш бо номи Исмоил шинос карда буд. Ин Исмоил ҷавони тануманд ва ҳузарб буд. Ӯ риш монда мегашт, ки намуди зоҳирияшро хеле муассир нишон медод. Бар хилофи намуди зоҳирияш, Исмоил фарди сода, самимиву нек аст. Ана ҳамин Исмоилро ман ба ҳайси ронанда ва хизматчии ҳамакора ба кор гирифтам, ки солиёни дароз ёрдамчии хубу содиқи ман шуд.

ПАДАРАМ БА ДУШАНБЕ ОМАДАНД

укумати шӯравӣ ҳанӯз соли 1988 соҳибкориро дар шак- Ҳли кооперативҳо иҷозат дода бошад ҳам, дар шаҳрҳои То ҷикистон одамон ҳатто дар аввали солҳои 90 аз ин тағйирот камтар хабар доштанд. Дар деҳот ҳанӯз ҳам мардум гӯё дар замони шӯравӣ мезистанд ва бо қоидаҳои бозору тиҷорат камтар ошно буданд.
Масалан, соле баъд, ки бо тиҷорати таҷҳизоти барқ машғул будам, бо корхонаи ресандагии ноҳияи Восеъ барои бо таҷҳизоти барқ муҷаҳҳаз кардани он қарордод бастам. Ин кори тахассусии пурзаҳмат буд. Ман бо ронандаам – Исмоил ва як нафар муҳандиси ширкатамон – Бобокалонов ду моҳ дар деҳаи Гулдара, дар хонаи дӯсте зиндагӣ кардем. Ин дӯст тибқи расми тоҷикӣ

пешина
аз 253
навбатӣ