Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
моро ҳамчун меҳмон қабул карда буд ва ҳеч ҷуброне барои иқомат намепазируфт.
Рӯзе баъд аз ҷаласаи корӣ бо раиси ноҳия ба шаҳри Кӯлоб рафтам. Қарор кардам, ки аз бозор камтар маҳсулот бихарам, то каме ҳам бошад, хиҷолатамро дар ивази заҳмати меҳмондории он хонавода кам кунад. Бозори шаҳри Кӯлоб тақрибан холӣ буд.
Ҳамагӣ ду-се нафар сабзавот мефурӯхтанд. Духтаре картошка мефурӯхт. Ним халта картошка дошт.
Ман нарх пурсидам:
– Картошка чандӣ?
– Чорунимӣ, - ҷавоб дод ӯ.
– Арзон мешавад? - тибқи расми бозор савдо карданӣ шудам ман.
– Чорӣ бигирен, - пешниҳод кард ӯ.
– Ҳамагӣ чанд кило доред?
– Даҳ-дувоздаҳ кило, - ҷавоб дод ӯ.
– Агар севунимӣ диҳед, ҳамаша мегирам, - як кори некро дуто карданӣ шудам ман, ҳам картошкаи бештаре ба мизбонон мебарам, ҳам ин духтарро аз заҳмати ин ҷо истодан халос мекунам.
Ҷавоби ӯ маро гиҷ кард:
– Севунимӣ фақат ду кило дода метавонам.
– Чӣ?! Чаро? - бо тааҷҷуб пурсидам ман.
– Охир худам севу ҳафтодупанҷӣ харидам, - ҷавоб дод ӯ.
Мағзи ман як лаҳза аз кор монд. Оҳиста-оҳиста ба даркам расид: ин духтари софу сода, ки аз алифбои савдо хабар надошт, аз арзонкунии ман хулоса бароварда буд, ки чун ман исрор кардам, ҳатто ба зиёни худ ҳам бошад, бояд гузашт кунад. Ба ҳар кило 25 тинӣ ҷамъан панҷоҳ дирам ба зиёни худаш ба ман гузашт карданӣ буд.
Чуноне ки зикр шуд, пас аз муомилаи аввалин, на танҳо пу ли зиёд ба даст овардам, балки раиси корхонаи сохтмонӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё