Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мард баъди се рӯз муроҷиат накард, вале ман базудӣ дар авҷи кор афтодам ва ӯро комилан фаромӯш кардам.
Бояд зикр кунам, ки он замон бонкҳо нав аз низоми шӯравӣ берун омада буданд ва бисёре аз усули кори он низом ҳанӯз ҳам роиҷ буд, ки дархости баргардондани пул яке аз ҳамонҳо буд ва бонкҳо дар ҳисоббаробаркунии байни муштариён хеле салоҳият доштанд. Ҳамин тавр, дастҳои ман барои муомилаи нав боз шуданд.
Як миқдор пулро аз бонк нақд гирифта, ба назди он шиносҳои нав шитофтам ва бо онҳо ҳар тоннае 2500 сӯмӣ тавофуқи шифоҳӣ кардам, ки ин барои ман суди бештар дошт. Онҳо ба кор сар карданд ва ҳар рӯз ба корхонаи сохтмонӣ 10-15 тон мил месупурданд. Кори ман гирифтани омор аз анбордори кор хонаи сохтмонӣ ва кашондани пули нақд ба онҳо буд. Ҳанӯз муҳлат нарасида, ман ба анбори корхонаи сохтмонӣ бештар аз ваъдаам мили оҳан супурдам. Раиси корхона бо ман ба пуррагӣ ҳисобро баробар кард ва бо раисони корхонаҳои сохтмонии дигар шинос кард. Ман корро ба ҳамин минвол давом дода, маб лағҳои калонеро соҳиб шудам.
Тиҷорати маводи сохтмонӣ хуб пеш мерафт, вале ақли кунҷ кови ман ба соҳаи хеле фарох роҳ ёфта буд. Ман ғайр аз кунҷ ковӣ, табиатан одами хеле беқарор ҳам ҳастам. Ҳамин ҳозир ҳам, ки ин сатрҳоро менависам, худамро аз ҳаракат базӯр нигоҳ медорам. Ҷисми ман бояд ҳамеша дар ҳаракат бошад.
Дар аввалҳои кор, ки ба тиҷорати колои сохтмонӣ машғул шудам, табиист, ки бо одамони зиёде ҳамкорӣ мекардам. Бо онҳо суҳбат мекардам ва ба тарзи кору таҷрибаашон ошно мешудам, доим дар суроғи роҳҳои дигари тиҷорат ҳам будам, ки корро беҳтар пеш бибарам. Аз ин сабаб пайваста дар ҳаракату кофтуков будам, агар бо корхонае ё соҳибкоре ҳамкор шавам, шеваи кори он ва роҳҳои ҳамкории бештар бо онҳоро баррасӣ мекардам. Шабу рӯз дар ҳаракат будам. Борҳо шудааст, ки

пешина
аз 253
навбатӣ