Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дигаррро ҳам дошт ва хеле кӯтоҳу фаҳмо навишта шуда буд, ки ба ман хеле кумак мекард.
Дар муддати як соли аввал кори дурусте аз дастам наомад.
Чанд кораки хурду резе кардам, ки суди ончунонӣ надоштанд.
Вале ман раҳораҳ корро меомӯхтам ва ҳамеша дар кофтукови роҳ кор будам. Он замон ман хеле ба пул ниёз доштам. Оиладор шуда будам, дар хонаи иҷора иқомат мекардам, таъмини рӯзгор ниёз ба харҷ дошт. Хеле мехостам, ки хонае бихарам ва зиндагиро сару сомон бахшам.
Рӯзе аз рӯзҳои баҳори соли 1992 дар назди шуъбаи бонк дӯстонро, ки ҳама мисли ман тоҷири навкор буданд, вохӯрдам.
Ҳар кас ба ҳамдигар пешниҳоди харидуфурӯш мекард. Як марде, ки қаблан надида будам, ба ман гуфт, ки барояш дар қатор теъдоди зиёди мили оҳан бор шудаасту ба наздикӣ хоҳад расид.
Ман, ки чанд рӯз пеш раиси як корхонаи сохтмониро дида будам ва медонистам, ки ӯ ин молро ниёз дорад, ба ин пешниҳод мароқ зоҳир кардам ва дар бораи андоза ва миқдори мил пурсидам. Ӯ ҳавобаландона эълон кард, ки баъд аз ду ҳафта ду вагони ҳафтодупанҷтоннагӣ барояш ворид мешавад. Арзиши ҳар тон се ҳазор рубл мебошад ва гумон намекард ман ин маблағро дошта бошам. Ман воқеан пул надоштам, вале ҷои онро медонистам.
Ман андозаи он милҳоро низ мушаххас кардам ва фавран рафта ба он раиси корхонаи сохтмонӣ пешниҳод кардам. Нархи ҳар тоннаро чор ҳазор эълон намудам. Вале барои эҳтиёт ба ӯ гуфтам, ки муҳлати таҳвил додани мил ба анбораш чор ҳафта хоҳад буд. Раис сармуҳосибашро даъват кард ва гуфт, ки бо ман қарордод бандад ва маблағи он як саду панҷоҳ тоннаро, ки шаш сад ҳазор рубл мешуд, ба ҳисоби бонкии ман гузаронад.
Тавофуқ кардем, ки дар ҳоли иҷро накардани ин муомила даҳ дар сад ҷарима хоҳам пардохт. Ҳамин тавр, аввалин қарордоди бузурги тиҷории ман хеле зуд ва сода баста шуд.

пешина
аз 253
навбатӣ