Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
дате мурдаи падарашро дар хонааш ошкор карданд, ки розаш мармуз монд. Мегуфтанд, ки дар натиҷаи ин кулоҳбардории ӯ чандин оилаҳо аз ҳам пошид, чандин касон, ки барои фоидаи муфт аз бонкҳо бо гарави амвол вом гирифта буданд, бехонаву дар шуданд. Касе надонист, ки марги муаллим аз қасоси қарздорон буд ё устоди бечора бори ин шармандагиро бардошта натавониста, худашро нобуд кард.
МУОМИЛАИ АВВАЛ
амони ба тиҷорат шурӯъ кардани ман коргузории бонкӣ Зҳанӯз ҳам аломатҳои зиёди низоми шӯравиро дошт.
Тав ре ки арз шуд, дар низоми шӯравӣ бонкҳо тамоми раванди тавлиду масрафро назорат мекарданд ва ҳисобро байни тав лидкунандаву масрафкунанда баробар. Тавлидкунанда мета вонист дар Тоҷикистон бошад, масрафкунанда дар Сибир.
Ҳамдигарро дидану донистани онҳо ҳатмӣ набуд. Ба тавлидкунанда аз боло нақша фиристода мешуд ва ӯ тибқи нақша колои тавлидкардаашро бор карда, ба суроғаи масрафкунанда мефиристод. Асноди борро ба бонк месупорид ва бонк маблағи ӯро мепардохт. Бонкҳо низоми Ҳисоббаробаркунии байнишуъбавӣ (МФО) доштанд, ки аз шуъбаи он муштарӣ дархости маблағ карда, ҳисобро баробар мекарданд. Санаде, ки байни шуъбаҳои бонкҳо радду бадал мешуд, ёддошти фармоиш (мемориальный ордер) ном дошт. Дар ҳоли каму зиёд будани таносуб, бонкҳо метавонистанд худашон мустақим ҳисобро баробар кунанд ва муштариро дар ҷараён гузоранд.
Вақте ки ман ба тиҷорат оғоз кардам, ғайр аз хоҳиши пул кор кардан, дигар ҳеч донишу малака дар ин соҳа надоштам.
Ки тобчае, ки Музаффар ба ман дода буд, ғайр аз намунаи оиннома ва аснод барои сабти ширкат, намунаҳои қарордоду асноди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё