Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Фавран баргашта, он мардро пайдо кардам ва бо ӯ низ қарор дод бастам, ки як саду панҷоҳ тонна милро аз ӯ ба нархи се ҳазорӣ мехарам, муҳлати таҳвили бор ду ҳафта аст ва дар ҳоли иҷро накардан, ӯ бист фоиз ҷарима хоҳад пардохт. Ба ҳисоби ман, агар ин муомила анҷом мешуд, ман як саду панҷоҳ ҳазор сум ба даст меовардам. Дар ҳоли иҷро нашуданаш, ҳатто агар пули корхонаи сохтмониро бо ҷаримааш баргардонам ҳам, як чизе ба ман мемонд. Бо ҳарду тараф қарордодҳоро бастам, аз пули ба ҳисоби бонкиям воридшуда қисми фурӯшандаро, ки чорсаду панҷоҳ ҳазор мешуд, ба ҳисобаш гузарондам ва бо ҳаяҷон интизори рӯзи омадани бор шудам.
Вақте ки муҳлати омадани вагонҳо наздик шуд, ҳис кардам, ки он мард аҳдашро иҷро карданӣ нест. Ба дуруштӣ бо ман суҳбат мекард: «Овардани бор осон аст, магар? Интизор шав, ҳар вақт ки омад, худам ба ту хабар медиҳам!» гуфта дӯғ зад.
Ман ба ӯ фаҳмонданӣ шавам, ки муҳлати дар қарордод нишондодашуда ду ҳафта аст, бо асабоният ҷавоб медод.
Раиси он шуъбаи бонк марди хубе буд. Чи тавре зикр кардам, ман бо ӯ робитаи дӯстӣ доштам. Назди ӯ рафтам ва қазияро ҳикоя кардам ва асноду қарордодро нишон додам. Ӯ аз му ҳосиботи бонк хоҳиш кард, ки ҷузъиёти ҳисобҳои моро биё ранд. Вақте ҷузъиётро оварданд ва қарордодро хонд, дид, ки воқеан ман рост гуфтаам. Аз ҳисоби ширкати ман ба ҳисоби он ширкат маблағи гуфтаам гузаштааст. Ӯ ба ман кафолат дод, ки агар он нафар дар рӯзи ваъдакардааш бори маро таҳвил нади ҳад, пулҳои маро бо ҷаримааш аз ҳисоби ӯ ба ҳисоби ман бар ме гардонад. Ман пушти хубе пайдо кардам. Вақте фаҳмидам, ки он мард нияти иҷро кардани қарордодро надоштааст, ба назди раиси корхонаи сохтмонӣ рафтам ва қазияро шарҳ додам. Ба ӯ гуфтам, ки агар бор наёяд, ман маблағро бо ҷаримааш бармегардонам. Ӯ бо истеҳзо ба ман гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё