Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Ёд дорам, боре сари соли хониш либоси муносиб надоштам.
Ҳамсинфам аз тариқи бародараш, ки мудири анбори корхонаи таъмири мошин буд, ба мудири анборе занг зада хоҳиш кард, ки ба ман як костюму брюки хуб ёфта диҳад. Мо бо ҳамсинфам ба он анбор рафтем. Мудир бе ҳеч салому калом, ҳавобаландона:
– Додари Акбар туӣ? - гуфта пурсид. Ва як ҷуфт костюму брюки ранги сафедро бароварда дод.
– Ранги дигар надоред? - пурсидам ман.
Ӯ ба дӯстам, гӯё ман ҳозир набошам, гуфт:
– Бигӯ, ки ҳамин, дигар нест.
Ман пурсидам, ки мумкин аст, пӯшида андозаашро бинам, ӯ бо рӯи турш сар такон дод. Вақте пӯшидам, ин ҷуфт барои ман каме калон буд. Пурсидем, ки андозаи хурдтар надорад, ӯ ин дафъа ба ман муроҷиат карда, даҳонашро накушода, аз байни дандонҳояш ғиҷирос зад:
– Хоҳӣ бигир, нахоҳӣ, калларо гаранг накун!
Ман, ки пеш аз ин хеле саъй карда, ҳеч чизи мувофиқ наёфта будам, бояд интихоб мекардам, бо либосҳои фарсуда ба донишгоҳ равам ё ин ҷуфтеро, ки на рангаш ва на андозааш муносиб буд, бихарам. Ман як сол бо он либоси ғайриодӣ, ангуштнамо дар донишгоҳ таҳсил кардам.
Дар солҳои донишҷӯии ман дар мағозаҳои Душанбе фақат либосҳои истеҳсоли худи шӯравӣ фурӯхта мешуданд.
Ин либосҳо ғайр аз он ки он қадр сифати хуб надоштанд, сабки тарроҳияшон низ на ҳамеша дилкаш буд. Аҳёнан дар фурӯшгоҳҳо аз кишварҳои сусиёлистӣ, мисли Лаҳистону Чекосло вакӣ либос пайдо шавад, навбат барпо мешуд ва зуд тамом мешуд. Мудирони фурӯшгоҳҳо қисми либосҳоро пинҳон карда, баъдан бо нархи гарон ба истилоҳи он замон «аз зери миз»
ме фурӯхтанд.
Аслан, камбуди сарулибос дар Шӯравӣ мавзӯи хосе аст.
Ҳа мин либосҳои «ҷинс», кафшҳои варзишии брендҳои маъруф

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё