Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
Шайхи Мулло Нур ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд. Аммо бародарону фарзандони солеҳу тақводорашон дар деҳаи Кадучӣ зиндагӣ мекунанд. Инҳо Махсуми Аҳмад, Махсуми Сулаймон, Махсуми Абдукарим, Абдулҳамид, Саймаҳмуд мебошанд.
XXX
Соҳиби шарҳи таъриф, соҳиби иршод Шайхи домулло Мӯҳтоҷи алайҳирраҳма низ яке муридони Ҳазрати Эшони Алааспа ба шумор мерафтанд. Он кас ҳам соҳиби илми Қуръон, ҳам соҳиби илми тасаввуф, ҳам соҳиби илми форсӣ буданд. Ҳамчунин яке аз табибони беҳтарини замони худ ба шумор мерафтанд. Ҳазрати домулло Мӯҳтоҷ алайҳирраҳма мегуфтанд, ки даргоҳи Ҳазрати Эшони Алааспа ба даргоҳи корхонаҳое, ки 100-200 коргар доранду эҳтиёчманду эҳтиёчбарорӣ менамоянд, монанд аст. Он қадар одаме ба пеши Эшон корафтода мешаванд, ки мо муридон баъзе ҳафтаҳо ба дидори устоду раҳнамои хеш базӯр мушарраф мешавем.
Ҳазрати домулло Мӯҳтоҷ аз илми кимиё низ воқиф буданд, нутқи хеле фасеҳ доштанд, табибӣ ҳам мекар-данд.
Масалан, рӯзе аз мавзеи Сарчашма писаре падари оҷизашро баҳри табобат ба назди домулло овард. Домулло аз чанд ҷои рухсори бемор хун гирифт, ба чанд ҷои дигар сӯзан заду дуъояш хонд. Баъди чанд рӯзи дигар муридони Шайх он мардро диданд, ки бе қорикаш дар бозори Кӯлоб гаштугузор дорад.
Боз як тариқаи табибиву табобати он кас ҳамин буд, ки хоришҳои бо доруву даво сиҳат нашавандаро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё