Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан
  • Бигиред, бидавед, ёрӣ диҳед, хонаи Содиқ (Қосим ӯ буд) сӯхт!

Дар амал хонаи ҳамон мардак бо кадом сабабе даргирифту нисфи молу маводаш сӯхт, аммо ҳозирин дарк карданд, ки нафаси марди парҳезгору худотарс тез асту шӯхиро намепазирад.

XXX

Дигар аз муридони маъруфи Ҳазрати Эшони Алааспа Шайхи Мулло Нур ном дошт. Он кас солҳои зиёде дар деҳаи Чуқураки Ховалинг зиндагӣ карда, баъд ба Кадучӣ кӯчида омаданд. Он кас ҳам басо соҳибкаромат буданд. Холдонҳо мегуфтанд, ки Ҳазрати Шайх аҳволи гӯрро баҳузур медонад. Домулло Абдураҳмон писари домулло Абдураҳими алайҳирраҳма мебошад, ки яке аз пешвоёни беҳтарини мардуми Кӯлоб дар замони мутааххирин ба ҳисоб меравад. Рӯзе дар роҳи калони Таи камари Кадучӣ, ки он солҳо роҳи калони Душанбе - Кӯлоб ба шуморида мерафт, домулло Абдураҳиму писараш савори асп мерафтанд. Тасодуфан аз пеш дар ҳар савор Шайхи Мулло Нур аз дур намоён мешавад. Домулло Абдураҳим ба писараш мегӯяд:

  • Тез фаро баҷчам, ки аз дур як одами хуб омада истодааст, пешвоз бигир, ман фаромада наметавонам.

Шайх ҳам аспи домуллоро шинохта, пиёда шуда домуллоро зиёрат карданд. Баъди рафтани Шайх Махдуми Абдураҳмон аз падар шахсияти ҳаракиро пурсон шуд:

  • Ин кас Шайхи Мулло Нур аст, пираш пири комил аст, худаш олим, одами бисёр бофайз аст, - тавсиф кард домулло Абдураҳим.
пешина
аз 176
навбатӣ