Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ТаърихҚисса
Аз аввал хондан

ҳавои доманакӯҳ ба муҳоҷирон маъқул афтод. Эшони Шариф ва писараш Холмуҳаммад нияти ба назди ҳокими маҳал раҳсипор гаштан доштанд. Аммо аз он ҷониб аллакай уламову удабои мавзеъ, пешопешашон ҳокими Вахё ба истиқболашон неомаданд.

  • Бахшиши илоҳиро бубин-а! Хуш омадед, аҳсану офарин. Ҳамду сано бод Худои мутаъолро ба ин олиҳимматиаш, - гӯён мири Дарвоз Эшони Шариф ва писараш Холмуҳаммадро гарм ба оғӯш гирифт, дигарон низ.

  • Тақдирро такбир наметавон кард, насибаи обу дони ҳамин тарафҳо будааст.

  • Иншоаллоҳ дар кишвари биҳиштиямо, ки мардумаш ташнаи илму адабанд, хор намешавед, таксирам, - тасаллӣ доданд онҳо, вақте ки падару писарро ба меҳмонӣ ба хонаи мири Тавилдара бурданд. Ҳокими Сариҳосор, ки он ҷо ҳузур дошт, шӯхиомез гуфт:

  • Бобои Эшон асосан ба қаламрави мо ташриф овардааст. Аз ин хотир мо ҳақи хидмат кардан дорем.

  • Каронак - карона, канор, марзу сарҳад гуфтанӣ гап ҳаст, марз бошад моли муштарак мебошад, - афзуд меҳмоне.

Ҳамин хел ба Эшони Шариф, муридонаш боғу роғ, замин ҷудо карданд. Андак мӯҳлате сипарӣ нагашта, аллакай бошандагони тобеот ба бобои Эшон, ки хеле фурӯтан, дидадаро, дилсӯз буд, меҳр бастанд. Чун авзои хоҷагидорӣ ба низом даромад, бобои Эшону фарзандаш ба бунёди масҷиду мадраса пардохтанд. Зеро Каронак деҳи аз марказҳои маърифативу ободони Дарвозу Сариҳосор дур буд. Бо хости Худованд, бо кӯмаки мардум ин мушкилот низ ҳал гардид. Чароғи маърифат, шамъи мунаввари раҳпаймоёни илм

пешина
аз 176
навбатӣ