Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

мунаввар шуд. Эшони Шарифу фарзандаш Холмуҳаммад ба таълиму тадриси хурду калони деҳ пардохтанд. Завқмандони илми илоҳӣ аз деҳоти дуру наздик пеши онҳо меомаданд. Аз ин иқдоми накӯи онҳо деҳи Каронақ торафт сернуфус, ободон мегашт. Дертар Холмуҳаммад хонадор шуду пеш аз лаҳзаи фавташ Эшони Шариф бо қаноатмандӣ ба ҷигарбандаш гуфт:

  • Дидаеро дар роҳи Ҳақ боз кардан, савоби азиме дорад. Ҳар куҷо ташнаи илм аст, ба он ҷо бирав. Ватани олим оғӯши ҳаводорони илму фарҳанги илоҳист. Дар ин хонаи дудар аз инсон танҳо некиву накӯкорӣ мемонад. Қавм, мардумро тавассути маърифати илоҳӣ аз фиску фасод, риёкориву фитна нигоҳ дор, писарам!

Панди падар дар гӯш Эшони Холмуҳаммад банди андешаҳои зиёд майли ба деҳоти подомани Мазори Ҳазрати Султон кӯч бастан намуд. Ӯ медонист, ки теъдоди муридону сӯфиёни ҷадди бузургвораш дар мавзеи Каронаку атрофу акнофаш дар тӯли иқомати онҳо хеле афзуд. Зарурати ҷидду ҷаҳди онҳо намондааст. Акнун бо шафоати Ҳазрати Султон Вайси Қаранӣ ба Ховалинг бояд кӯчид. Зимни сафарҳо, мулоқотҳояш дар ин диёр ба хубӣ дарк сохт, ки вуҷуди олиме, раҳнамое хеле зарур аст. Ба мардуми Каронақ ҳамин мақсадро шарҳ дод ва базӯр онҳоро ризо сохту бо аҳли байт, модари пир, завҷааш ба мавзеи Мазори Ҳазрати Султони Ховалинг омад. Модари бемор ва чанд муриди дигараш ҳамроҳаш буданд. Вузӯъ карда, аз чаҳор чашмаи Мазор об нӯшиданд, дар саҳни боғ дар масҷиди калони он намоз гузоштанд, аз арвоҳи Ҳабиби Аллоҳ дар ҳалли мушкилоташон шафоату дармон хостанд. Шабро дар масҷид гузарониданӣ буданд, аммо бошандагони деҳа меҳмононро ба

пешина
аз 176
навбатӣ