Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Фиғонӣ, Ҳазрати Хӯҷа Исҳоқ, Мавлоно Шақиқи Балхӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ, Мавлоно Тоҷиддин, Хӯҷа Мӯъмин, Хӯҷа Нур, Хӯҷа Қайнар, Шоҳ Низом, Авлиёи Чаккон, Эмом Таърифӣ, Шоҳ Ахтам, Мавлоно Ҳалқаёр, Мавлоно Ҷалолиддини Гулдаст ва дигарон дар ҳамин баландиҳо барҷост ва онҳо шафоатгари мардуми ин диёранд. Акнун онҳо низ худро ба домани пои ин алломаҳо меандозанд! Бо ишораи даст корвонро манъ дошт. Чун борҳоро фароварданд, шом фаро мерасид, таҳорат карданду намоз хонданд. Мӯйсафед рӯ ба қавм овард:

  • Дар ҷое, ки мо нишастаем, доманаи шаҳри қадимаи Дилӣ мерасид. Ба ин ҷо корвонҳои тоҷирони Мисру Ҳинд, Чину Мочин меомаданд, маркази савдои Хатлони қадим буд, аз қасофати тохтутози амалдорони давр хоку тӯроб шудааст. Дар пеши мо ду роҳ аст: лаблаби дарёи Яхсӯ рӯболо ба Ховалингу Мӯъминободу Дарвоз мерасем, агар бешазорро гузашта, рӯ ба офтоббаро ҳаракат намоем, роҳ ҷониби Даштиҷуму мулки афғон аст. Кадомеро ихтиёр доред?

  • Шумо роҳнамои мо ҳастед, моро аз шарри шайтон, фитна раҳонинед, худатон медонед, таксирам, ба як ҷои бехавф баред, - гуфтанд ҳамроҳонаш.

Аслан ҳамсафарони бобои Эшони Шариф писари ягонааш Холмуҳаммади чордаҳсола, завҷаи пираш, соликону сӯфиён, ҷамъ даҳ нафар мебошанд.

  • Мо, иншоаллоҳ, ба роҳи қадоваи Яхсӯ хоҳем рафт, он тарафаш тани мову тақдири илоҳӣ, - хулоса кард мӯйсафед пеш аз он ки ба хоб биравад.

Ҳамин хел қавм аз роҳи Мазори Ҳазрати Зелолак гузашта, дам гирифтанд, рӯзи дигар дами субҳ ба деҳаи Каронак, ки мавзеъҳои Тавилдараву Ваҳёро аз Сариҳосор ҷудо мекунад, расиданд. Мавзеи хушобу

пешина
аз 176
навбатӣ