Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
гоҳе, ки Ҳазрати Эшон муддати мадиде дар Бухоро таҳсил менамуд, дар ин ҳудудҳо низ корҳо ва роҳбарият ранги дигар мегирифт. Алқотуни пир бо додаронаш Ашӯр баъдтар туқсабои Саиди парвоначӣ маслиҳат намуда, бо ризогии Мири Балҷувон вакилию минтақаро ба писари ягонааш Қосим месупорад. Қосим дар маҳалли Замбурак хонаву дари барҳавое сохта волидайни барҷомонда ва хоҳараш Ҳосаморо ба ин макони хушоб меоварад. Амакҳояш Ашӯр, Саиди парвоначӣ ҳамеша мушовиру мададгори Қосим ба шумор мераванд. Қосим марди фарҳангдӯст, маорифпарваре буд. Хироҷу бочи ситондаашро аксар вақт масрафи рушди мактабу маърифатомӯзии мардум менамуд. Қосим - туқсабо як духтар ва як писар дошт. Завҷааш айёми шубоб олами фониро падруд гуфт. Баъдтар Қосим - туқсабо ба Шамъигул ном духтари ҳамдеҳааш издивоҷ кард. Дар хонадони ӯ теъдоди духтар камтар буд, дар муҳити мардон инкишоф меёфтанд, ба камол мерасиданд. Дертар амакаш Ашӯр хостгорӣ намуда, духтари ӯ – Ҳалимаморо ба писараш Бойаҳмад дод. Баъди таваллуди фарзанди нахустинаш Орзу Бойаҳмад ҷавонмарг шуд. Духтари Қосим бева монд. Азбаски хеле хушсурату накӯрафтор, бомаърифату китобхон буда, аз илму амал огоҳӣ дошт хостгорони бешуморе аз ҳисоби ҳокимону амалдорон ба даргоҳи Қосим-туқсабо меомаданд. Ва ҳар гоҳ ӯ бо духтараш машварат меорост.
-
Аз золимин, аз ҳисоби ҷоҳилому бесаводон шавҳар намекунам. Намехоҳам ба гуноҳи онҳо шарик бишавам, ҳамин гунаҳкории худам басанда аст.
-
Чӣ магар ман коре надорам, ки фақат бо ту кашмакаш мекунам? - тундӣ кард Қосим, - О духтари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё